РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Агар барои ў рўза дар он ҳолат машаққате ба бор наоварад, пас гирифтани он барояш беҳтар аст, вале агар боиси машаққат гардад, нагирифтани рўза беҳтар мебошад.
Ҳамчунин аз маҷмўи ривоятҳое, ки аз Паёмбар (с) ва саҳобагони киром дар бораи қаср хондани намоз ва хўрдани рўза дар сафарҳо омадаст, чунин бармеояд, ки қаср намудани намозҳои чорракъата ва хўрдани рўзаи моҳи Рамазон барои шахси мусофир вақте аз шаҳру деҳи худ хориҷ шавад, ҷоиз мегардад, ҳарчанд ҳанўз биноҳо ва боғҳои он ҷо намоён бошанд. Дар бозгашт аз сафар низ ин кор барояш ҷоиз мебошад. Албатта, ин кор барои мусофире ҷоиз мебошад, ки қасди масофаи сафарро дошта бошад.
Ҷаъфар ибни Ҷабр мегўяд: «Ҳамроҳи Абўбасраи Ғифорӣ – яке аз саҳобагони Расули Худо (с) – дар моҳи Ра-
72 мазон дар киштие аз Фустот будам. Ҳамин ки киштӣ ба ҳаракат даромад, (Абўбасра) хўрокашро пеш кашид ва гуфт: Биё, наздик бинишин!. Гуфтам: Магар хонаҳоро намебинӣ? Фармуд: Оё аз суннати Расули Худо (с) рўй мегардонӣ!? Пас вай хўрд (ва ман ҳам хўрдам)».73 Чӣ тавре мебинем, фаҳмиши аҳли салаф дар бораи арзишҳои олии Ислом ва тарзи рафтори онҳо ба моҳияти ин дин наздиктар буд ва он аз нашот, шўру дилбастагӣ ва рўҳи зиндае бархўрдор буд, ки мо аз он хеле дур мондаем.
Дар ривоятҳои дигаре, ки дар Саҳеҳи Бухорӣ, 1948, 4279, Сунани Насоӣ, 2289, 2313, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон (3558. – С. 626) ва Саҳеҳи Ибни Хузайма (2036. – Ҷ. 3. – С. 263) омадаанд, ба ҷои Кадид Усфон зикр гардидааст, ки ҳарду дар канори ҳам ҷойгир шудаанд.
72 Фустот номи шаҳре дар Миср аст.
73 Сунани Абўдовуд, 2412; Муснади имом Аҳмад, 27232.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё