РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
д) Отифаи меҳрубонию дилсўзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар ботини одам бедор месозад.
ж) Шарру фасод ва разоили ахлоқиро дар миёни мардум коҳиш медиҳад.
з) Дастгоҳи гувориш (меъда)-ро полоиш ва покиза менамояд.
л) Баданро аз зиёдатиҳои бозмонда ва русуботи такшонгашта, ки аз боқимондаҳои хўрокӣ ва ошомиданӣ ба вуҷуд меоянд, пок мегардонад.
м) Фарбеҳии зиёди бадан ва чарбиҳои таркиби онро коҳиш медиҳад; Расули Худо (с) фармудааст: «Рўза бигиред, то саломатиатон барқарор шавад (ва боқӣ бимонад)».33 н) Барои ҳуҷайраҳо, ғадудҳои тарашшуҳӣ, рагҳо ва дигар бофтаҳои азулонӣ, ба хусус ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои асаб ва мағзи сар фурсати истироҳат ва таҷдиди нерўи фаъолиятро фароҳам меоварад.
о) Дил, ҷигар, шушҳо, гурдаҳо ва дигар дастгоҳҳои узвие, ки ба тасфия, ирсол ва таъмини бадан бо хун, ҳаво (оксиген) ва маҳлули маводди ғизоӣ сари кор доранд, бо коҳиши нисбии ҳаҷми фаъолияти худ дар моҳи Рамазон фурсати дамгирӣ ва таҷдиди имконоти кории худро пайдо мекунанд.
р) Аз ҳама муҳимтар он аст, ки хислати парҳезгорӣ ва поку нек зистанро дар инсон тақвият медиҳад, ки муҳимтарин ҳадафи ибодатҳои илоҳӣ низ ҳамин мебошад.
Онки дар банди ибодат мешавад,
Бешак, аз аҳли саодат мешавад!
(Фаридуддини Аттор, Панднома)
Ҳарчанд ҳанўз ҳам фоида ва таъсири созандаи рўзаи моҳи Рамазон дар ҷисму ҷон, ақлу нафс ва рўҳиёти инсон барои бахши аъзами ҷомеаи мутамаддин пўшида мондааст, вале пас аз пешрафтҳои азими илми тиб фавоиди гуруснагӣ ва худдорӣ аз хўрдану нўшидан дар муддатҳои муайян барои ҳама маълум гаштааст.
33 Мўъҷаму-л-авсат, 8312. – Ҷ. 8. – С. 213. Ибни Синнӣ ва Абўнуъайм низ ҳадисро ривоят кардаанд. Тахриҷи он дар поварақии 16- ум гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё