РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Бинобар ин, касе туро (ба вақти рўза) дашном диҳад ва ё бар ту ҷаҳл намояд, бигў: Ман рўзадорам».31 Рўзаи мақбул рўзаест, ки соҳиби худро ба тақвои илоҳӣ наздик созад ва дар чунин ҳолат аст, ки дуъоҳо, орзуҳо ва некиҳои вай қабули даргоҳи Ҳақ мегарданд.
Худованд мефармояд: «Худованд (аъмол ва ибодатҳо)- ро танҳо аз бандагони ботақвои худ мепазирад».32
Фоидаҳои рўза
Бо дида дар ойу сунъи раббонӣ бин,
В-осойиши шайх Авҳади Кирмонӣ бин!
Ту толиби обу нонӣ, эй бечора,
Як рўз ба рўза бошу султонӣ бин!
Гарчанде фалсафа ва ҳадафи аслии рўзаи моҳи Рамазон, ба мисли дигар барномаҳои ибодатӣ дар Ислом, дар омўзаҳои қуръонӣ эҷоди пойгоҳи тақво ва таҳкими пояҳои худошиносӣ ва худотарсӣ дар қалби бандаи мўъмин гуфта шуда, вале он дар зимн фоидаҳои маънавӣ, равонӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва беҳдоштии зиёдеро барои шахси рўзадор ба ҳамроҳ дорад. Рўза аз ҷумла:
а) Инсонро дар мактаби (озмоишгоҳи) сабру шикебоӣ ва пурбардоштӣ тарбият менамояд.
б) Хештандорӣ ва худконтролкуниро ба инсон омўзиш медиҳад.
в) Назму ҳамоҳангиро дар миёни мардуми мусалмон густариш медиҳад.
г) Ишқу дилбастагӣ ба адолат ва баробариро дар вуҷуди инсон решадор месозад.
31 Саҳеҳи Ибни Ҳиббон. – С. 614. Ҳадис саҳеҳ буда, онро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардааст. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 1996. – Ҷ. 3. – С. 242. Исноди онро саҳеҳ гуфтааст. Назари баъзе муҳаддисон, аз ҷумла Ибни Ҳиббон он аст, ки рўзадор ин калимаро дар ҷавоби дашномдиҳанда ва ҷаҳлкунанда бо дил бигўяд, на ба забон. Вале дигарон нутқи онро ба забон гуфтаанд, то шахси рўзадор бо эъломи мавқеи худ ба мухосамат ва ҷаҳли вай поён бахшад.
32 Сураи Моида, 5: 27.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё