Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аввалуҳу раҳматун ва авса-َََََّْْтуҳу мағфиратун ва охируҳу ъитқун мина-н-ни-рон. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳа ва ِِнасъалука-л-ҷанната ва َََََََََُْ наъузу бика мина-н-нор.

Моҳи фархунда рўй барпечид,
Ва алайка-с-салому, ё Рамазон!
Алвидоъ, эй замони тоату хайр,
Маҷлиси зикру маҳфили Қуръон!
(Саъдии Шерозӣ, Бўстон)

Нияти рўза

Дар шариати Ислом барои дуруст гардидан ва пазируфта шудани аъмол ва ибодатҳои шахс ният шарти асосӣ дониста шудааст ва тамоми фаъолиятҳои ў бар асоси нияташ баҳо дода мешаванд. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Амалҳо ҳатман, ба ниятҳо вобастаанд. …».310 Ният ба маънои қасди ботинӣ ва омодагии қалбии инсон барои анҷом додани коре мебошад. Дар бораи ифода намудани нияти ботинӣ ва қасди қалбӣ бо забон дар сарчашмаҳои шаръ чизе наомадааст, вале оммаи мардум барои тааккуди бештари нияти қалбӣ онро ба забон ифода менамоянд. Нияти рўзаи моҳи Рамазон:
«Ва лисавми ғадин мин шаҳри Рамазона фаризатан навайту». «Ният кардам рўзаи фарзии фардои моҳи Рамазонро ба ҷой оварам».

310 Саҳеҳи Бухорӣ, 1, 54, 2529; Саҳеҳи Муслим, 4904 (1907)-156;
Сунани Абўдовуд, 2201.

пешина
аз 190
навбатӣ