РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
ТАСБЕҲИ ТАРОВЕҲ
ар манобеъ ва сарчашмаҳои шаръ – Қуръон ва суннат дар бораи он чизе, ки имрўз бо но-Д ми тасбеҳи таровеҳ шинохта мешавад, ривояте собит нашудааст. Аз амалкарди саҳобагони киром танҳо ҳамин кадар бармеояд, ки онҳо пас аз ҳар чор ракъат намоз, ки бо ду салом баргузор мегардид, таваққуфи нисбие менамуданд. Зеро онҳо намози таровеҳро низ хеле дароз ва бо тааммул мехондаанд.
Дар Муваттаи имом Молик ривоят шудааст, ки: «Қорӣ сураи Бақараро дар ҳашт ракъат (-и намози таровеҳ) мехонд. Агар онро дар дувоздаҳ ракъат мехонд, мардум онро сабук мепиндоштанд».309 Бинобар ин, онҳо пас аз ҳар чор ракъат каме дам мегирифтанд ва ҳар кас дар нафси худ такбир, тасбеҳ, таҳлил ва салавот мегуфт.
Баъдҳо ҳамон такбиру тасбеҳ ва таҳлили онҳо ба сурати тасбеҳи таровеҳ даромадааст, ки имрўз дар сарзамини мо навъи хоссе аз он маъмул мебошад. Ба ҳар ҳол, вақте он бо садои дилангези қориён бо овози баланд хонда мешавад, рўҳу қалби намозгузоронро ҳаловат мебахшад ва дар онҳо таассуроти маънавӣ ва рўҳиёти некеро ба вуҷуд меоварад.
Дар даҳаи ахир ва ё чанд шаби охири моҳи Рамазон мардум бо сўзу гудоз ва бо шавқу шўри имонӣ ба ин моҳи баракат ва ҳамчунин бо намози таровеҳ ва барномаи хатми Қуръони карим дар ин моҳ хайру хуш менамоянд.
Афсўс, ки айёми шарифи Рамазон рафт,
Сӣ ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт.
Афсўс, ки сӣ пораи ин моҳи муборак,
Аз даст ба якбора чу авроқи хазон рафт.
Моҳи Рамазон ҳофизи ин галла буд аз гург,
Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт.
309 Эълоу-с-сунан. – Ҷ. 3, бахши сеюм. – С.90.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё