РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Шахсе дар шаҳр зиндагӣ кунад ва қурбонии худро ба русто (деҳа) фиристад, то пас аз дамидани субҳ ба тариқи ваколат аз тарафаш қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст.
Барои фаро расидани вақти забҳи қурбонӣ ҷои забҳи он ба эътибор гирифта шудааст, на ҷои зиндагонии қурбоникунанда.269
Дар рўзи дувоздаҳуми зулҳиҷҷа то замоне, ки офтоб ғуруб накарда бошад, қурбонӣ ҷоиз аст. Пас аз ғуруб дигар ҷоиз намегардад. Пас аз гузаштани вақти қурбонӣ бояд чорво забҳногаштаро зинда садақа намояд.
Шахсе дар рўзи даҳум ва ёздаҳуми зулҳиҷҷа мусофир буд ва рўзи дувоздаҳум муқим гашт, ё дар рўзи аввал мискин буд ва дар рўзи сеюм сарватманд гашт, қурбонӣ бар онҳо воҷиб мегардад.
Шахсе, ки худаш забҳ карда тавонад, беҳтар аст қурбониашро шахсан худаш забҳ намояд. Вале, агар худаш забҳ карда натавонад, каси дигаре онро дар ҳузури вай забҳ намояд.
Қурбонӣ танҳо аз тарафи худаш воҷиб аст, на аз тарафи фарзандонаш ва ё одамони зери кафолаташ, вале метавонад онҳоро дар савобаш ҳамроҳ намояд.
269 Бинобар ин, шаҳрнишине дар русто – ҷое, ки намози ид дар он баргузор намешавад, қурбонӣ кунад, забҳи он пас аз дамидани субҳи рўзи ид ҷоиз аст ва баръакс агар рустоие дар шаҳр қурбонӣ кунад, забҳи он пас аз баргузории намози ид ва ё гузаштани вақте ба миқдори баргузории он дуруст мешавад. Агар дар чанд нуқтаи шаҳр намози ид баргузор гардад, бо пештарин намозе, ки баргузор мегардад, забҳи қурбонии сокинони он ҷоиз мегардад.
Агар шаҳрнишине забҳи барвақттари қурбонии худро бихоҳад, метавонад онро ба беруни шаҳр – деҳа ва ҷое, ки дар он намози ид баргузор намегардад, фиристад ва ё аз ҳамон ҷо ба таври ваколат чорвое харидорӣ кунад ва дар он ҷо пас аз дамидани субҳ забҳ шавад, вале дурии он, ҳамон гуна ки дар Рад(д) омадааст, бояд ба миқдори масирати сафар бошад (Ҳидояи шариф. – Ҷ. 5. – С. 132; Радду-л-мўҳтор. – Ҷ. 9. – С. 529).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё