Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Фазилати моҳи Рамазон

Рамазон моҳи нузули баракот ва боз шудани дарҳои раҳмати Худо мебошад. Паёмбари акрам (с) мефармояд:
«Вақте моҳи Рамазон фаро расад, дарҳои биҳишт (ба рўи бандагони хоҳишманд) кушода ва дарҳои оташ фурў баста мешаванд ва дасту пои шайтонҳо низ баста мешаванд».20 Худованд дар ҳадиси қудсие мефармояд:
«Ҳар амали (неке), ки фарзанди одам анҷом медиҳад, аз даҳ некӣ то ҳафтсад баробар зиёд карда мешавад, вале рўза ин барои Ман аст ва Ман подоши онро хоҳам дод, зеро рўзадор шаҳвату таомашро аз барои Ман тарк намудааст. Рўзадор ду хушнудӣ дорад: яке дар вақти ифтораш ва дигаре дар вақти дидори Парвардигораш. Ҳатто бўи тағйирхўрдаи даҳони рўзадор дар пешгоҳи Худованд аз бўи мушк хуштар аст».21

Ду шодӣ рўзадоронро фиристанд,
Зи лутфи ҳазрати Субҳонат, эй моҳ!
Яке ҳангоми ифтор андар ин дор,
Дигар дар ҷаннати ризвонат, эй моҳ!

Дар ҳадиси қудсии дигаре, ки онро Тирмизӣ ривоят
мекунад, омадааст: «Ҳар некие аз даҳ то ҳафтсад баробар афзоиш дода мешавад, вале рўза барои Ман аст ва
Ман подоши онро хоҳам дод. Рўза сипарест аз оташи дўзах. Ҳатто бўи тағйирхўрдаи даҳони рўзадор дар пешгоҳи Худованд аз бўи мушк хуштар аст. Агар ҷоҳиле бар
шахси рўзадор ҷаҳл намояд, ба ў бигўяд, ки ман рўзадор
мебошам, ман рўзадор мебошам».

Муборак бод ишқи рўзадорон,
Ки гуфт: «Ассавму лӣ» дар шонат, эй моҳ!
Пас бандаи мўъмин бояд бо истифода аз ин лаҳзаҳои камтакрор он моҳро бо боварӣ (аз рўи имон) ва ба умеди аҷру савоби илоҳӣ барпо дорад.

20 Саҳеҳи Бухорӣ, 1898, 3277. Саҳеҳи Муслим, 2492 (1079)-1. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.
21 Саҳеҳи Муслим, 2701 (1151)-164. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардааст.
22 Сунани Тирмизӣ, 764. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардааст.

пешина
аз 190
навбатӣ