РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ва бо ҳарўза бо полоиши русуботи хўрокӣ17 дар бадани инсон ва бо тасфияи ҳуҷайраҳои афсурдаи ҷисми ў ҳаёти ҷисмонии инсонро комилан аз нав месозад. Меъда ва дастгоҳи гувориш муддате ором мегиранд ва бадани инсон аз пасмондаҳои хўрокӣ, уфунатҳои хунӣ, уфунати18 рўдаҳо ва рутуботи ҷисмӣ пурра халос мегардад. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Рўза доред, тандуруст мегардед».19 Имрўзҳо мардуми мусалмон, ки аз фарҳангу арзишҳои динӣ то андозае ноогоҳ мебошанд, ба ҷои рўзаи моҳи мубораки Рамазон ва дигар рўзаҳои воҷибӣ ва нафлӣ ба усулҳои гуруснанишинии йогаҳо ва ғайра рўй овардаанд.
Рўзае, ки дар он тамоми некиҳо: аҷру савоби Худованд, халосӣ аз дўзах, даромадан ба биҳишт, парвариш ёфтани тамоми хубиҳо дар шахсияти инсон ва солимии ҷисмӣ ва ғайра ба якбора ҷамъ омадаанд, тарк гардида, ба ҷои он ивазкунандаҳои инсоние мавриди амал қарор мегиранд.
Рўза яке аз коромадтарин равишҳо дар тазкия ва парвариши нафс мебошад, ки онро аз олудагиҳои дунё, гуноҳон, тезии шаҳватҳо ва ҳавову ҳавасҳо ба осонӣ раҳо месозад. Рўза пас аз калимаи шаҳодат, намоз ва закот чаҳорумин рукни бинои Ислом мебошад. Худованди таъоло онро фарз гардонида, фоидаҳои ошкору ниҳонеро барои бандагонаш дар он ниҳодааст.
17 Русубот ҷамъи русубат -/ҳо/: таҳнишаста, пасмонда. Русуботи хўрокӣ ва ё ғизоӣ пасмондаҳое мебошанд, ки пас аз ҳазми таом ба сурати намакҳои химиявӣ, таркиботи ғафси хунӣ, рутуботи лимфовӣ ва ғайра дар бадан боқӣ мемонанд.
18 Уфунат -/ҳо/: чирк; олудагӣ; бадбўйӣ; захме, ки бар асари ҳамлаи ангезандаҳои беморзо ба вуҷуд ояд.
19 Мўъҷаму-л-авсат, 8312. – Ҷ. 8. – С. 213. Ҳайсамӣ дар Маҷмаъуз-завоид (Ҷ. 3. – С. 315) риҷоли онро сиқа гуфтааст. Ибни Синнӣ ва Абўнуъайм низ онро дар китоби «Тиб» аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд. Ҳарчанд Ҳофизи Ироқӣ исноди онро заъиф гуфта бошад ҳам, Ваҳба Зуҳайлӣ дар китоби «Фиқҳи исломӣ» онро ҳадиси ҳасан гуфтааст. – Ҷ. 3. – С. 1619.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё