Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан
  1. Метавонад ба ҷои шаст мискин як нафар мискинро шаст рўз таом диҳад.
  2. Дар таом додан пай дар пай будани хўрок шарт нест. Бинобар ин, агар мискинеро чанд рўз таом диҳад ва чанд рўзи дигар таътил намояд, вале саранҷом шаст рўзро комил гардонад, дуруст аст.
  3. Агар миқдори каффорати шастрўза ё қимати онро якбора ба мискине бидиҳад, ҷоиз нест.
  4. Агар аз миқдори садақаи Фитр камтар бидиҳад, низ ҷоиз нест.
  5. Дар пардохти фидяе, ки барои пирамарди солрафта пешбинӣ шудааст ва дар таоми каффоратҳо, ки ба сурати хўрокворӣ ва ё ғаллагиҳо бароварда мешаванд, тамлик шарт нест, вале дар садақаи Фитр ва закот тамлик шарт аст. Назари фақеҳон ин аст, ки пардохтҳо дар ҳар ҷое аз нусуси шаръ бо калимаи таом ва итъом зикр шуда бошанд, дар онҳо тамлик ва мубоҳият ҳар ду ҷоиз ҳастанд ва дар ҳар ҷое бо калимаи додан ва ё адо зикр шуда бошанд, дар онҳо тамлик шарт аст. Бинобар ин, агар барои шаст мискин таоме омода намояд ва дар пеши онҳо бигузорад, барои иброи зиммааш кифоя мекунад, шарт нест, ки онро ба дасти якояки онҳо бисупорад ва онҳо қабз намоянд.

Рўзаи қазо

Агар касе рўзаро дар вақташ нагирад, бояд рўзҳои
дигаре ба ҷои он рўза бигирад. Он рўзае, ки пас аз моҳи
Рамазон ба ивази он ба ҷо оварда мешавад, «рўзаи қазо» ном дорад. Қазои рўзаи моҳи Рамазон бо ояти савм
собит шудааст, он ҷо ки мефармояд: «Касе аз шумо бемор ва ё дар сафар бошад, пас (бар онҳо рўзаи) чанд рўзи дигар аст».212 Қазои рўза ба ду навъ аст: қазои шаръӣ ва қазои амдӣ.
Манзур аз қазои шаръӣ он аст, ки шариати Ислом дар ҳолатҳои махсусе ба хўрдани рўза иҷозат додааст ва пас аз бартараф гардидани он ҳолатҳо қазои онро воҷиб гардонидааст. Ин кор танҳо барои шаш гурўҳи одамон: а) беморон, б) мусофирон, в) пирамардони бемадор, г) пиразанони нотавон, д) занони бордор ва ж) занони ширдеҳ шаръан иҷозат дода шудааст ва онҳо бо хўрдани рўза дар он ҳолатҳо гуноҳе намегиранд, балки хилофи он гуноҳ аст.
Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «Ва касе аз шумо бемор ва ё дар сафар бошад, (метавонад рўзаро ифтор намояд ва ба ҷои он) чанд рўзи дигарро (пас аз барқарор шудани саломатӣ ва баргаштан аз сафар) рўза бидорад. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва душвориро бароятон намехоҳад».213 Ҳамчунин мефармояд: «Ва бар касоне, ки рўзаро бо сахтӣ дошта метавонанд, ба андозаи таоми як мискин фидя додан аст».214 Ин оят бинобар ривояти Ибни Аббос (р) чор гурўҳи ахирро дар бар мегирад.
Дар ғайри ин суратҳо, агар касе дидаву дониста ва ё аз рўи саҳлангорӣ ва бе ҳеҷ гуна узре рўзаро бихўрад, он гуноҳи кабира ба шумор меравад. Бояд аз ин кораш тавбаву истиғфор намояд ва ҳарчи зудтар қазои онро ба ҷой оварад. Инро қазои амдӣ мегўянд.
Дар қазо доштани рўза пай дар пай гирифтани он шарт нест. Агар бихоҳад онро пай дар пай ба ҷой оварад ва агар ҳам хоста бошад ҷудо-ҷудо рўза бигирад.
Вале, бе узре ба таъхир андохтани он гуноҳ аст ва бояд ҳарчи зудтар ба ҷо оварда шавад.

212 Сураи Бақара, 2: 183, 185.
213 Сураи Бақара, 2: 185.
214 Сураи Бақара, 2: 184 Дар сурате рўзаи қазоро то моҳи мубораки Рамазони соли баъдӣ ба таъхир андохт, аввал бояд рўзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта, баъд аз он рўзаи қазои соли гузаштаашро ба ҷо оварад.

пешина
аз 190
навбатӣ