РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Агар касе рўзаи як рўзи Рамазонро пас аз ният бе ҳеҷ гуна беморӣ ва узри шаръие қасдан бихўрад, бояд ҳам қазои он рўз ва ҳам каффорати онро ба ҷо оварад.
Он ду моҳ рўза адо кардан,
Ончӣ хўрдаст ҳам қазо кардан.
Вақте барои адои каффорат аз миёни се навъи он – озод сохтани ғуломе ва ё таом додани шаст мискин – рўзаро ихтиёр намояд, пас бояд ду моҳро паёпай рўза бигирад. Ба шарте дар миёни он ду моҳ як-ду рўзро бихўрад, бояд аз сари нав ду моҳ рўза бигирад. Албатта, рўзҳои ҳайз барои занон муъоф (бахшуда) аст. Агар зане дар миёни ду моҳи рўзаи каффораташ ҳайз бинад, бақияи онро пас аз пок гаштанаш идома медиҳад.
3. Агар ба сабаби нифос аз паёпай гирифтани рўза бозмонад, пас аз покӣ бояд аз нав ду моҳро паёпай рўза бигирад. Нифос ҳарчанд узри шаръӣ ҳам бошад, дар вақтҳои дигар метавонад паёпай ду моҳ рўза бигирад, вале дар ҳолати ҳайз чунин имконро надорад. Барои ҳамин дар миёни он ду ҳолат фарқ гузошта шудааст.
4. Барои каффорат, агар таом додани шаст мискин ба ҳолаш мувофиқ бошад, агар таоми омода диҳад, пас ҳар мискинро ба андозаи ду вақт хўрок: субҳу шом то хуб сер шудан таом диҳад.
5. Агар нони гандуми холис бошад ҳам, кифоя мекунад ва агар ғайри нони гандум бошад, бояд онро бо хўрише ҳамроҳ намояд.
6. Дар сурате ки барои шаст мискин ба ҷои таом гандум, ҷав ва ё хурмо диҳад, ҷоиз аст ва ба ҳар яке ба миқдори садақаи Фитр – ним соъ – дода шавад. Додани қимати гандум, хурмо ва ғайра низ ҷоиз мебошад.
7. Касеро аз ҷониби худаш барои додани каффорат вакил гардонад ва ў низ ба навбати худ каффоратро бипардозад, ҷоиз аст, вале агар касе бе ваколат каффорати шахсеро бидиҳад, ҷоиз намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё