РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Зеро ҳар се мамнўоти қатъии рўза: хўрдан, нўшидан ва ҳамбистарӣ бо оят муайян гардидаанд. Аммо аз он ҷо ки насси каффорати рўза танҳо ҳолати ҳамбистариро дар бар мегирад, бузургони шофеъӣ каффоратро дар боби ифсоди рўза танҳо ба ҳамон мавриди нас(с) маҳдуд дониста ва дар мавриди ифсоди рўза бо хўрдану нўшидан ҳеҷ гуна каффоратеро воҷиб нагуфтаанд.
Тафсили баъзе масоили ин боб дар фаслҳои баъдӣ баён мегардад ва суратҳои гуногуне дар ин бора зикр мешаванд, вале дар баъзе мавридҳо барои дарки дурусти ин масоил беҳтар аст ба коршиносони соҳа ва донишмандони фиқҳ муроҷиат шавад.
Тафсили масоиле дар бораи каффорат
- Агар бо сабабҳои дигаре ғайр аз ҳамбистарӣ – ба сабаби хўрда ва нўшидан бар рўзадор каффорате воҷиб
гардад ва ҳанўз он каффоратро напардохта, ки каффорати дигаре бар вай воҷиб гардад, барои ҳар ду додани
як каффорат кифоя аст, агарчи дар ду рамазон иттифоқ
афтода бошанд. Аммо, агар ба воситаи ҳамбистарӣ бар
вай чанд каффорат воҷиб гашта бошад ва ҳама дар як
Рамазон ба амал омада бошанд, додани як каффорат
барои ҳама кифоят мекунад, вале агар дар ду Рамазон
ба вуҷуд омада бошанд, як каффорат барои онҳо кифоят намекунад, бояд ду каффорат диҳад.211
211 Дар бораи касе, ки рўзаашро бо ҳамбистарӣ дар ду Рамазон фосид кардааст, дар зоҳири ривоятҳои мазҳаб ду қавл вуҷуд дорад:
- як каффорат барои ҳар ду ҷиноят кифоя мекунад, 2. барои ҳар ду каффорати алоҳида воҷиб аст. (Бадоеъу-с-саноеъ. – Ҷ. 2. – С. 254; Тўҳфату-л-фуқаҳо. – С. 175. Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абўаҳмад 2.маъруф ба Алоуддини Самарқандӣ. – Бейрут. Минбаъд: Тўҳфатул-фуқаҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё