Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Барои ин кор бар вай фидя лозим намегардад.
Касе ҳанўз рўзаи қазоро ба ҷо наёварда, маргаш фаро расад, аз Худованд талаби омурзиш намуда, барои валии (соҳиб ва вориси) хеш васият кунад, то барои ҳар рўзаш як мискинро таом диҳад.
Барои гирифтани рўзаҳои қазоӣ тартиби таърихие муайян нашуда, вале агар қазои ду Рамазон бар зиммааш бошад, дар ин сурат муайян намудани солу моҳ лозим аст.
Дар рўзаи қазоӣ ният аз шаб шарт аст. Агар баъд аз дамидани субҳ ният кунад, рўзааш нафл ҳисоб мешавад ва каффоратро низ ҳамин ҳукм аст.
Агар чанд рўз рўзаро қазо карда бошад, ихтиёр дорад, ки қазои онҳоро пай дар пай бигирад ё ҷудо-ҷудо.
Шахсе дар моҳи Рамазон нияти рўза карду беҳуш гашт ва ин ҳолати вай аз се рўз бештар идома пайдо кард, ҳамагӣ ду рўзро бояд қазоӣ бигирад. Агар дар шаб беҳуш шуд, низ ду рўз қазо бигирад, магар ин ки дар шаб нияти рўза накарда бошад ё субҳ ба ҳалқаш дору рехта бошанд, дар ин сурат ҳар се рўзро қазоӣ бигирад.
Агар тамоми моҳро беҳуш монд, бояд ҳамаи моҳро қазо ба ҷо оварад.215 Аммо агар девона шавад, ба имтидоди муддати девонагӣ бастагӣ дорад, агар он тамоми моҳи Рамазонро фаро гирад, рўза аз зиммааш соқит мегардад ва қазое надорад ва дар камтар аз он қазои рўза бар вай воҷиб мебошад.

215 Рўза бо ният ба ҷо меояд. Вақте дар рўзи аввал хоҳ аз шаб хоҳ аз саҳарӣ нияти рўза намуда ва бо ҳамин беҳуш гашта бошад ва то бегоҳ ба ҳамон ҳол боқӣ монда, рўзаи он рўзаш дуруст мегардад.
Аммо дар ду рўзи дигар ў беҳуш буд, то нияти рўза намояд. Бинобар ин, ҳамон ду рўзи баъдиро қазо меоварад.
Занҳое, ки дар моҳи Рамазон қурсҳои (таблетка) манъи ҳамл (зидди бордорӣ) мехўранд ва тамоми моҳи Рамазон ҳайз намебинанд, рўзаи тамоми он моҳи онҳо дуруст аст.

пешина
аз 190
навбатӣ