Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ҳамчунин барои салқинӣ худро ба сачоқ, чодар ва ё порчаи таре печидан рўзаро намешиканад.
Агар дар ҳавзе шино кунад ва ё ҳаммом (душ) гирад ва ба гўшаш об дарояд, рўзааш аз боби зарурат фосид намегардад. Ғутта задан дар ҳавз ва ё наҳри об, агар хавфи даромадани об ба гўш, бинӣ ва дигар сўрохиҳои баданаш набошад, боке надорад, вале баъзе фақеҳон онро макрўҳ донистаанд.
10. Ҳамин тавр, агар шаб ба ҳамсараш ҳамбистар шавад ва ҳанўз ғусл нокарда субҳ бидамад, ин ҳолат ба рўзаи вай ҳеҷ зараре намерасонад. Бояд ғусл намояд ва рўзаашро давом диҳад.
Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с)-ро дар моҳи Рамазон, дар ҳоле ки ўро аз ғайри эҳтилом ҷанобат расида буд, субҳ фаро мерасид. Вай (ҳамон тавр) ғусл намуда, рўза медошт».187 11. Агар кўдаки ноболиғе дар моҳи Рамазон ҳамроҳи калонсолон рўза бигирад, вале пеш аз вақти ифтор онро ба ягон сурате бишиканад, ҳеҷ гуна қазо ва каффорате бар вай воҷиб намегардад. Вале агар намозашро фосид намояд, бояд калонсолон ўро роҳнамоӣ кунанд, то намозашро аз сар бихонад. Зеро дар иъодаи намоз ҳеҷ гуна машаққате ҳосил намешавад, вале қазо доштани рўза боиси машаққат ва сахтӣ мегардад.
12. Истифодаи занон аз қурсҳо (таблеткаҳо) ва дигар доруҳои манъкунандаи ҳайз дар моҳи Рамазон, ба шарте ба саломатии онҳо зараре надошта бошад, ҷоиз аст, ҳарчанд аз назари Ислом риояи ҳолати табиии ҳар чиз беҳтар мебошад. Яъне дар ҳолати покӣ рўзаро гирифтан ва дар рўзҳои узри моҳона онро нагирифтан ва пас аз поёни моҳи Рамазон қазои он рўзҳоро ба ҷой овардани занон ҷараёни табиии ҳолатҳои ҷисмӣ (физиологӣ) ва мутобиқ бо хостаҳои шаръ мебошанд.

187 Саҳеҳи Бухорӣ, 1930, 1931; Саҳеҳи Муслим, 2585 (1109)-76. Дар ин бора ҳадиси дигаре аз Уммисалама (р) низ ривоят шудааст. (Саҳеҳи Бухорӣ, 1932; Саҳеҳи Муслим, 2586 (1109)-77).

пешина
аз 190
навбатӣ