Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
(асосан давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол) рафъи қафомонӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Мо аслан аз ҷиҳати усулӣ онро ба асос мегирем, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шакли вусъат бахшидани чунин муносибатҳои байналхалқии тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, ки ба афзоиши шуғли аҳолӣ, зиёд шудани номгӯи маҳсулоти (мол ва кору хадамоти) содиротӣ ва вориротӣ, сармоягузории озоди хориҷӣ мусоидат карда, дар натиҷа боиси болоравии сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар мегардад. Бинобар ин фаъолияти иқтисодии хориҷӣ роҳи асосии мустақилона ба тиҷорати (бозори) байналхалқӣ ҳамроҳ шудани давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол, роҳи ҳамгирой ба иқтисоди муосири ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳар як илм ва самтҳои ҷудогонаи он, ки даъвои мақоми қисми таркибии илми мазкурро доранд, бояд ба мақоми принсипҳои ибтидоӣ асос ёфта бошанд. Дар он сурат онҳоро ба таври методологӣ ҳамчун соҳаи мустақили дониши иқтисодӣ арзёбӣ менамоянд. Ин принсипҳо дар навбати худ категорияву қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои истеҳсолиро (иқтисодиро) дар соҳаи мазкур муайян менамоянд. Омӯзиши илми иқтисод ва самтҳои он бидуни татбиқи принсипҳои ибтидоӣ ва муайян намудани категорияву қонунҳои танзимкунандаи он имконнопазир аст.
Принсипу категорияҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дорои шаклҳои хоси муайянкунӣ ва татбиқ мебошанд.
Агар принсипу категорияҳои умуман илми иқтисод ба низоми умумии методологии шаклҳои пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа асос ёфта бошанд, дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ онҳо ба вижагии иқтисодиёти давлати соҳибихтиёр муайян карда мешаванд, ки дар зарурату дараҷаи имконияти ба бозори хориҷӣ баромадани он ифода меёбад.
Ба принсипҳои ибтидоии татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст:
- Гузариш аз хоҷагии маҳдуди миллӣ ба иқтисоди озоди ба бозори хориҷӣ тамоилдошта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё