Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳамаи ин чунин маъно дорад, ки тақсимоти байналхалқии меҳнат ифодакунандаи афзалияти қиёсӣ дар хароҷоти истеҳсолот буда, ба кишвари содиркунандаи мол имконият медиҳад, ки:
аввал, аз фарқияти нархи байналхалқӣ ва дохилии маҳсулоту моли (кору хадамоти)
истеҳсол ва содиршаванда фоидаи муайян ба даст орад;
сониян, бо сабаби даст кашидан аз истеҳсол ва содироти моли (кору хадамоти) мазкур ва дастрас намудани чунин моли арзонтар бо роҳи воридоти он маблағро барои сармоягузорӣ ва хароҷоти дигар сарфа намояд.
Молҳои (кору хадамоти) аз кишварҳои мутараққӣ содир ва воридшаванда дар натиҷаи афзалияти қиёсии хароҷоти истеҳсолӣ ва талабот нисбати онҳо ба ташаккули бозори ҷаҳонӣ бо роҳи ташкил ва инкишофи савдои байналхалқӣ сабаб шуданд.
Тамоми робитаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар доираи иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз савдои байналхалқӣ оғоз меёбанд, ки маъмулан савдои хориҷӣ номида мешавад.
Савдои байналхалқӣ (ҷаҳонӣ, хориҷӣ) роҳеро аз муомилоти алоҳидаи савдои хориҷӣ то ба барномаҳои калонҳаҷм дар соҳаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳо тай намудааст.
Ин роҳ нишон дод, ки бозор ва савдои ҷаҳонӣ ҳамеша аз бозору савдои дохилии ҳар кишвар ташаккул меёбад. Вале бозори ҷаҳонӣ ҳамеша ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ин кишварҳо таъсир расонида, марҳилаҳои ташаккули ҳамгироии иқтисодии кишварҳоро ба иқтисоди ҷаҳонӣ муайян менамояд.
Бинобар ин фанни иқтисодиёти ҷаҳон ба муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ эътибори махсус зоҳир намуда, омӯзиши онро дар мадди аввал мегузорад.
Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷии давлатҳои алоҳида вобастагӣ дошта, дар асоси принципҳо ва қонунҳои амалкунанда равнақу ривоҷ меёбанд. Ташаккули шаклҳои бозории фаъолияти хоҷагӣ, мустақилияти иқтисодии худро эълон кардани кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ҳамроҳ шудани онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Вале барои кор кардан дар доираи қонунҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, муайян намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳон ба ҳар узви ҷомеа, хусусан ба донишҷӯёну мутахассисони иқтисодшинос омӯхтани ин қонунҳо зарур аст, то бидонанд, ки чӣ тавр фаъолияти иқтисодии хориҷӣ созмон дода мешавад, аз кадом таҷриба бояд истифода намуд, шарикони хориҷӣ дар фаъолияти хеш чиро дастури амал қарор медиҳанд, чӣ тавр бо онҳо бояд муносибат кард, бидонанд, ки принсипҳои асосии фаъолияти созмонҳои мухталифи байналхалқӣ аз чиҳо иборат мебошанд.
Ба ин қабил саволҳо ва дигар саволҳои мунобеҳ назария ва амалияи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки самти муҳими илми иқтисодиёти ҷаҳон мебошанд, ҷавоб дода метавонанд.
§1.2. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ роҳест барои ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳон
Зимнан бояд дар назар дошт, ки ҳадафи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои ҳар кишвари ҷаҳон - ҷорӣ намудани шаклҳои нави робитаҳои байналхалқии иқтисодӣ мебошад.
Онҳо бо густариши таҷрибаи пешқадам алоқаманд буда, таҳаввулотро дар низоми истифодаи захира, мол, кору хадамот, қувваи корӣ ва сармояи мавҷуда дар қаламрави ин ва ё он давлат инъикос менамоянд. Вале ҳадафҳое, ки шарикон дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ доранд, гуногун мебошанд. Агар барои баъзе давлатҳо (бештар кишварҳои мутараққӣ) чунин ҳадаф - ноил шудан ба пешрафт дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ бошад, барои кишварҳои дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё