Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар тӯли панҷ соли охир дар баробари таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат қисми муайяни қарзи хориҷии аз тарафи ХБА ҷудошуда (50+25 млн. доллар) бо мақсади таҳкими қурби асъори миллӣ ва пӯшонидани қасри буҷети давлат равона гардида буд. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ дар шакли сармояи бевосита ва сармояи портфелӣ эътибори хоса медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди ҳаҷми на чандон зиёди сармояи бевосита дар ҳаҷми сармояи хориҷии дар тӯли даҳ соли охир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбшуда дар ояндаи наздик ин шакли ҷалби сармоя бояд яке аз омилҳои таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат гардад.

Барои бунёд ва таъмини пешрафти корхонаҳои муштараки мавҷуда ҳар сол миқдори муайяни чӣ сармояи созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва чӣ сармояи хусусӣ ба Тоҷикистон ҷалб карда мешавад. Танҳо соли 2000 ҳаҷми умумии сармояи воридшуда 28,8 млн. доллари ШМА-ро ташкил намуд. Дар тӯли даҳ соли охир ҳаҷми умумии сармояи хориҷии ҷалбшуда 413,8 млн. долларро ташкил намуд, ки 322,5 миллиони (77,9%) он ба корхонаҳои муштарак бо иштироки кишварҳои хориҷии дур ва 886,1 ҳазор доллар ба корхонаҳои муштараки кишварҳои хориҷии наздик рост меояд. Танҳо дар тӯли ду соли охир (1999-2000) бештари сармояи бевоситаи хориҷӣ ба Тоҷикистон аз Британияи Кабир - 162,4 млн., Италия - 78,9 млн., Кореяи Ҷанубӣ - 106,8 млн., Люксембург - 29,2 млн., Австрия - 3,3 млн., Нидерландия - 2,7 млн., Туркия - 1,2 млн., Швейтсария - 1,4 млн. доллар ворид шудааст. Сармояи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти мамлакат, аз он ҷумла истеҳсоли нахи пахта, газвор, либос (22%), истеҳсоли нӯшокӣ ва шарбатҳои мевагӣ (24,5%), хизматрасонии нақлиётӣ (13%), фаъолияти тиҷоратӣ (5,6%), хизматрасонии алоқа (3,3%), ҷустуҷӯю истихроҷи маъдан ва сангҳои қиматбаҳо (22,3%) истифода бурда шудааст. Дар тӯли 10 соли охир 81%-и сармояи хориҷии ҷалбгардида дар ҳудуди вилояти Суғд (аз ҷумла 43,2%-и он дар ш. Хуҷанд, 36,3% дар ш. Панҷакент), 13,3% дар вилояти Хатлон ва 5,7% дар ш. Душанбе ҷойгир кунонида шудааст.

пешина
аз 785
навбатӣ