Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
5 ноябри соли 1956 бошад, телевизиони тоҷик ба фаъолияти кории худ оғоз кард. Дар он солҳо ин иқдом комёбии бузурги миллат ба шумор мерафт. Худи ҳамон сол барои омода сохтани барномаҳои ҳаррӯза студияи телевизиони Тоҷикистон бунёд карда шуд.
Дар баробари қудрат гирифтани сохтори алоқаи телефонии ҷумҳуриявӣ аз соли 1960 сар карда дар тамоми ноҳияҳо бунёди марказҳои телефони маҳалӣ оғоз гардид. То давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи тараққиёти сохтори алоқа, дараҷаи дастрасӣ ба ҷараёни иттилоот, ки аз 7 нишондиҳанда иборат мебошад, ба гурӯҳи давлатҳое, ки ба дараҷаи миёнаи тараққиёти инсонӣ ноил гаштаанд, дохил карда шуда буд. Ин нишондиҳандаҳо мувофиқи ҳисоботи СММ оид ба тараққиёти инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 ин тавр муайян карда шудаанд:
- индекси соли 1990 - 100; Тоҷикистон - 50; 2) хати телефони магистралӣ ба 1000 кас - 45; 3) телефонҳои истифодаи умум ба 1000 кас - 0; 4) миқёси абонентҳое, ки телефони радифӣ доранд, ба 1000 кас - 10; 5) миқдори телевизорҳо ба 1000 кас - 189 дона; 6) миқдори компютерҳои шахсӣ ба 1000 кас - 0; 7) дастрасии интернет ба 1000 кас - 0.
Аз 1 январи соли 1992 сар карда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи алоқа, аз ҷумла ба соҳаи алоқаи телефонӣ бо назардошти бароҳмонии робитаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳон эътибори махсус медиҳад.
Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди алоқаи электроникии байналхалқӣ (МСЭ), ки 180 давлати дунё аъзои он мебошанд, Иттиҳоди почтаҳои умумиҷаҳонӣ (ВПС) ва ташкилоти байналхалқии "Интерспутник" қабул карда шуд. Бо кӯмаку дастгирии ин созмонҳо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омода сохтани барномаи генералии тараққиёт ва реконструксияи соҳа сар намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор