Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Тоҷикистон дар як сол даҳҳо ҳазор вагон молҳои саноатӣ, рӯзгор ва хӯрока аз АМА, Эрон, Туркия ворид намуда, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳои гуногун мефиристанд. Солҳои охир бошад, корхонаи муштараки "Кабоол Тоҷик ва Текстайл" ва "Ҷавонӣ" аз каммасрафии ин роҳ иттилоот пайдо намуда, маҳсулоти корхонаҳои худро бо истифода аз ин роҳ ба тариқи бандари "Бандараббос" ба Европа ва қитъаи Америкаи Лотинӣ мефиристанд.

Аҳамияти роҳи оҳан солҳои охир, алалхусус бо татбиқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини гузариш ба муносибатҳои бозорӣ беш аз пеш афзуда истодааст. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такон додани пешрафти соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон халқи тоҷик ба сохтмони роҳи нави Қӯрғонтеппа-Кӯлоб шурӯъ намуд. Дар натиҷаи маблағгузориҳои зиёд (ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 10 то 12 млрд. рубл маблағгузорӣ мешуд) бо қувваи сохтмончиёни ҷумҳурӣ 14 кӯпрук, 312 қубурҳои обпарто, зиёда аз 200 км хати магистралии роҳи оҳан, 9 истгоҳи қатораҳо ба истифода дода шуд. Бо пурра ба истифода дода шудани роҳи оҳани номбурда шароити васеъ барои ба истифода додани як силсила захираҳои табиӣ ва истифодаи самараноки онҳо муҳайё шуд. Мо боварӣ дорем, ки ин роҳи оҳан дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ба ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноати вазнин, сабук ва хӯрока, бо кор таъмин намудани садҳо ҳазор аҳолии вилояти Хатлон мусоидат хоҳад намуд. Бояд қайд намуд, ки бо шарофати қудрат пайдо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон октябри соли 1994 Идораи роҳи оҳани Осиёи Миёна фаъолияти худро қатъ намуд ва роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил шуд. Баъд аз 77 соли Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр барои бунёди идораҳои мустақили роҳи оҳани Тоҷикистон шароит муҳайё шуд. Имрӯзҳо дар асоси Низомномаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, вазифаи тадқиқи конюктураи бозор, таъмини кашонидани бор ва мусофирон, пешбинӣ намудани тараққиёт ва вобаста ба бозсозиҳои сохторӣ ба охир расонидани такмилдиҳии соҳа, таъмини рақобатпазирии соҳаро адо намуда истодааст.

пешина
аз 785
навбатӣ