Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоман аз байн нарафтани парки автомобилӣ бо қарори махсуси худ иҷозати гузаронидани маъракаи хусусигардонии автомобилҳоро дод. Соли 2001 бошад, миқдори автомобилҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5603 ададро ташкил менамуданд, ки ин нисбат ба соли 1995 8256 адад кам мебошад. Аз тарафи дигар бояд қайд намоем, ки дар даҳ соли охир аз сабаби нарасидани маблағҳои зарурӣ шумораи нақлиёти чӣ боркаш ва чӣ мусофирбар зиёд карда нашуданд. Барои мӯътадил гардонидани вазъи имрӯзаи нақлиёт дар Ҷумҳурӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим меояд, ки ҳар сол бояд 250 мошини боркаш, 120 автобус, 80 мошини сабукрави таксиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.

Дар солҳои 1999-2000 зиёда аз 13500 иҷозатнома ба дорандагони мошини сабукрав дода шудааст, ки онҳо ҳар сол барои мусофиркашонӣ 330 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат месупоранд.

17.4.1. Роҳи оҳан

Дар маҷмӯи ҳаҷми боркашонӣ ҷои асосиро нақлиёти роҳи оҳан мебозад. Дар натиҷаи ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2000 танҳо ҳиссаи роҳи оҳан дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 91,6%-ро ташкил дода буд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1924 сар карда то январи соли 2001 зиёда аз 583 км хати роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудааст.

Дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна, аз ҷумла
Тоҷикистон сохтмони шоҳроҳи Туркистон-Сибир бо дарозии 1400
км, ки дар таърихи иқтисод бо номи "Турксиб" машҳур гаштааст,
нақши калон бозидааст. Соли 1925-30 даҳҳо ҳазор шаҳрвандони
ҷумҳурӣ дар бунёди ин роҳ ҳиссаи худро гузоштаанд. Халқи тоҷик
бо назардошти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиат доштанаш дар
ҳама корҳои роҳсозии ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон (хати роҳи оҳани
Самарқанд-Ҷиззах, Самарқанд-Қаршӣ, Кунград-Бейнав) иштирок
менамуд. Бо дастгирии ҳукумати Ӯзбекистон дар Самарқанд хати
махсус то ба анбори ҷумҳуриявии дар шаҳри Самарқанд воқеъгашта
гузаронида шуда буд, ки бо истифодаи он аҳолии Панҷакент,
ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастҷоҳ бо маводи хӯрока, таҷҳизот ва

пешина
аз 785
навбатӣ