Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Тараққиёт ва ҷобаҷокунии қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар намудани зиндагии аҳолии Тоҷикистонро бе нақлиёт тасаввур кардан мумкин нест. Нақлиёт муҳимтарин соҳаи истеҳсолоти моддӣ, яке аз узвҳои асосии комплекси хоҷагии халқи мамлакат ба шумор меравад. Бе иқтидори кофии намудҳои гуногуни нақлиёт таъмини пешрафти ноҳияҳои дурдасти мамлакат, истифодаи самараноки ҳудуди Тоҷикистон номумкин аст. Нақлиёт имрӯзҳо дар истеҳсоли тамоми намудҳои молҳои саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуда, аз як ҷой ба ҷои дигар интиқол додани онҳоро ба зиммаи худ гирифтааст. Аз пешрафти ин соҳа ва маҷмӯи роҳҳои мумфарши он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот, истифодаи самараноки қувваҳои истеҳсолии шаҳр ва деҳот, шинос намудани мардум бо муваффақиятҳои тамаддуни ҷаҳон, фарҳанг вобастагӣ дорад. Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мафҳуми худ асосан нақлиёти роҳи оҳан, автомобилгард, ҳавоӣ ва дарёиро муттаҳид менамояд. Бо воситаи намудҳои нақлиёти номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол шумораи зиёди аҳолӣ ва миллионҳо тонна борҳои гуногун кашонида мешавад. Ҳаҷми боркашонӣ бо тамоми намудҳои нақлиёт соли 2000 бо назардошти боркашониҳои соҳибкорони хусусӣ 1 446,2 млн. тонна километрро ташкил намуд, ки он нисбат ба соли 1999 2,7% зиёд аст. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯи масъалаҳои боркашӣ мавқеи муҳимро нақлиёти роҳи оҳан мебозад. Аз миқдори бори дар боло овардашуда, бештари он 1324,8 млн. тонна км, ки 91,6%-и ҳаҷми боркашонии умумиро ташкил менамояд, ба дӯши роҳи оҳан рост омадааст.
Афзалияти муҳими нақлиёти роҳи оҳан аз қудрати баланди боркашонӣ ва аз дигар шудани шароити боду ҳаво вобаста набуданаш, фарқ мекунад.
Соли 2000 дар маҷмӯъ 137,7 млн. нафар мусофир кашонда шудааст, ки 80 миллион ё 58,1%-и он ба нақлиёти автомобилӣ (аз ҷумла 77,1 млн. мусофир бо автобус) рост меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор