Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ғизои, ки дар Вашингтон баргузор гардида буд, "Оби зулол"-и Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олӣ гардид.

Дар ояндаи наздик бо мақсади ҳарчи бештар ба ҷумҳурӣ ворид намудани асъори хориҷӣ ба истеҳсоли шароб, коняк, виски, нӯшокиҳои гиёҳдор, балзам бо шурӯъ намудан лозим аст.

Манбаҳои дигари ба даст овардани асъори хориҷӣ ба бозори Федератсияи Россия ва давлатҳои Европа ба роҳ мондани содироти мутташаккили анори Норак, Ёвон ва Шаҳритуз, лимону тарбузу харбузаи водии Вахш, себу ноки Гарм, ангури водии Ҳисору Кофарниҳон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки мо дар ин бахш ҳам таҷрибаи кофӣ доштем. Солҳои 1985-1990 раёсати Тоҷикматлубот ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои назди Балтика ҳар мавсим ҳазорҳо тонна тарбузу харбуза, меваю сабзавот мефиристод.

Имрӯз бошад, барои амалӣ шудани ин кор арзиши баланди вагонҳо монеаи асосӣ шудааст. Аз байн бардоштани ин проблема танҳо бо роҳи дар сатҳи ҳукуматӣ муайян намудани номгӯи маҳсулоти кишоварзие, ки ба тариқи марказонидашуда содир карда мешавад, имконпазир аст. Аз тарафи дигар, бе дастгирии молиявии давлат дар шакли субсидия пешрафти соҳаи кишоварзиро таъмин намудан хеле мушкил аст.

Бояд қайд намуд, ки тамоми давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон ҳар сол бо мақсади таъмини пешрафти мунтазами истеҳсолот маблағҳои калонро дар шакли субсидия барои соҳаи кишоварзӣ ҷудо менамоянд. Дар тӯли 5 соли охир (1995-2000) маблағҳои дар шакли субсидия барои дастгирии танҳо фермерҳои давлатҳои аъзои "Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт" (ОЭСР) ҷудошуда дар як сол ба ҳисоби миёна 180 млрд. долларро ташкил медиҳад. Дар байни давлатҳо вобаста ба ҳаҷми дотатсия бо маблағи 46 млрд. доллар ҷои аввалро Япония ва бо маблағи 26 млрд. доллар ШМА ҷои дуюмро ишғол менамоянд. Як қатор давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон дар ҳолати ҷудо намудани субсидия, фарқияти беқурбшавии пулро низ ба назар гирифта, зарари хоҷагиҳоро ҷуброн мекунанд.

пешина
аз 785
навбатӣ