Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

проблемаҳои ҷойдоштаро аз байн бардошт. Акнун қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар баробари таъмини оилаи худ маҳсулоти зиёдатии худро ба бозор мебаровардагӣ шуданд. 4 соли охир низ ин тамоил дар истеҳсоли ғаллададона нигоҳ дошта шуда истодааст. Соли 2000 кӯшишу ғайрати меҳнаткашони соҳаи кишоварзӣ мисли солҳои пеш дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозсозии корхонаҳои кишоварзӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1998 №244 "Дар бораи тадбирҳои фаврӣ оид ба иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи татбиқи ҳуқуқи истифодаи замин" аз 22 июли соли 1998 барои барқарорсозӣ ва таъмини пешрафти иқтидори истеҳсолии соҳа, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ташаккули системаи гуногунсоҳа равона карда шуда буд.

Ҳаҷми солонаи маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ 684 млн. сомониро ташкил намуд, ки дараҷаи пешрафти он нисбат ба соли 1999 112,4%-ро ташкил намуд.

Ҳаҷми умумии ҷамъоварии ғаллададона аз ҳама намуд хоҷагиҳо 535 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 1999 114,3%-ро ташкил медод.

Бояд қайд намуд, ки солҳои охир дар пешрафти ҳосилнокии меҳнатӣ соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои навбунёди деҳқонӣ зиёд аст. Соли 2000 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) зиёда аз 11 ҳазорро ташкил намуд, ки дар ихтиёри худ 125336 га замин доштанд.

Онҳо дар соли 2000 65,6 ҳазор тонна ғалла, ки 12,3 %-и ҳаҷми истеҳсоли умумиро ташкил медод, 74 ҳазор тонна картошка (25,8%), 21,6 ҳазор тонна сабзавот (6,3%), 12 ҳазор тонна зироатҳои полезӣ (12,4%), 8,8 ҳазор тонна мева (5,2%), 9,7 ҳазор тонна ангур (8,9%), 972 тонна гӯшт (1,7%), 2096 ҳазор тонна шир (0,7%), 62 тонна пашм (3%) истеҳсол намуданд.

Солҳои 1999-2000 бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ то аввали соли 2001 285 корхонаҳои

пешина
аз 785
навбатӣ