Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сохтмони заводи нафти хом бо иқтидори 500 ҳазор тонна дар
як сол;

• оғоз намудани сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 500 ҳазор тонна дар Исфара бо мақсади истеҳсол намудани бензин, керосин, солярка ва мазут.

Амалӣ намудани тадбирҳои дар боло зикргардида ба
Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит медиҳад, ки бо нафт ва газ худро
таъмин намуда, ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат кӯмак расонад.

Электроэнергетика. Бо вуҷуди нисбатан кам шудани истеҳсоли қувваи барқ электроэнергетика яке аз соҳаҳои муҳим ва мунтазам амалкунандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Панҷсолаи охири асри ХХ бо сабаби нарасидани сармояи гардон, напарддохтани маблағи истеъмоли қувваи барқ ва гармии истифодашуда шароити молиявии ин соҳаро хеле вазнин гардонд.
Бинобар набудани маблағҳои лозима аз соли 1992 инҷониб дастгоҳҳои иншоотҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ таъмир нагардиданд.

Мувофиқи ҳисоботи олимон иқтидори захираҳои
гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 527 млрд. кВт
арзёбӣ шудаанд. Ин миқдор қувваи барқ ба ҳар як 1 км мураббаи
ҳудуди ҷумҳурӣ 3 683 ҳазор кВт-ро ташкил менамояд. Барои муқоиса
ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ дар
Федератсияи Россия ва Украина ба ҳар як км мураббаъ даҳҳо
маротиба зиёд аст. Солҳои 1960-1980 дар асоси нақшаи дурнамо дар
дарёи Вахш ва Панҷ мебоист 16 иншооти барқӣ бо иқтидори умумии
16,6 млн. кВт бунёд карда мешуд. Дар тӯли ин солҳо иншооти обии
Норак бо иқтидори 3 млн. кВт, Бойғозӣ бо иқтидори 600 ҳазор кВт
ба истифода дода шуд. Бо суръати том корҳои сохтмонӣ дар иншооти
обии Роғун (бо иқтидори 3,6 млн. кВт) ҷараён доштанд. Дар тӯли
панҷ соли барои бунёди ин иншоот зиёда аз 800 млн. доллар сарф
карда шуд. Ҳоло бошад, барои ба охир расонидани он мувофиқи
нақша 500 млн. доллар лозим аст. Даҳсолаҳои охир аниқ карда
шудааст, ки бунёди иншоотҳои барқӣ вобаста ба суръати баланди
худҳароҷотпӯшонӣ барои сармоягузорони хориҷӣ хеле ҷолиб ва

пешина
аз 785
навбатӣ