Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Заҳираҳои энергетикӣ. Олимони тоҷик дақиқ намуданд, ки Тоҷикистон дорои заҳираҳои азими энергетикӣ мебошад. Вобаста ба иқтидори мавҷуда ҷои аввалро заҳираҳои сӯзишворӣ - 79% (ангиштсанг- 53%, нафт - 21%, газ - 5%), ҷои дуюмро қувваи офтоб - 20% ва тахминан дар ҳудуди 1% қувваи ҷараёни об ва бод ҷои сеюмро ишғол менамояд. Аз маҷмӯи заҳираҳои энергетикӣ имрӯз дар Тоҷикистон дар доираи 30% қувваи маҷрои об ва тахминан 2,4% заҳираҳои сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки истифодаи қувваи офтоб ва бод барои истеҳсоли барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман ба роҳ монда нашудааст. Мувофиқи таҷрибаи даҳсолаҳои охир арзиши истеҳсол ва кашонидани сӯзишворӣ дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон аз арзиши сӯзишвории аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя воридшаванда 2-3 маротиба қиматтар меафтад. Солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 70%-и талаботи ҷумҳурӣ ба сӯзишворӣ аз ҳисоби воридоти ангиштсанг, маҳсулоти нафт ва газ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Федерацияи Россия, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қонеъ гардонида мешуд. Аммо даҳсолаҳои охири асри XX болоравии босуръати арзиши сӯзишвориро мушоҳида карда мешавад. Ин тамойил солҳои оянда низ бояд афзоиш ёбад. Бинобар ин аз солҳои аввали асри XXI бояд бештар ба истифодаи васеи конҳои ангиштсанг ва конҳои нафту гази худ шурӯъ бояд кард. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани саноати ангишт ва саноати нафт ҷумҳуриро дар мӯҳлати 2-3 сол метавон бо ин навъҳои сӯзишворӣ таъмин намуда, ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳтар шудани зиндагии мардум ноил гашт. Имрӯз бошад, аз 4 млрд. тонна заҳираи ангиштсанги дар Тоҷикистон кашфшуда мо дар соли 2000 ҳамагӣ 22,2 ҳазор тонна ангишт истеҳсол намудаем.
Панҷ соли охири асри XX бошад, ҳаҷми истеҳсоли ангишт хеле паст фаромад. Агар соли 1995 дар ҷумҳурӣ 33,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуда бошад, пас истеҳсоли он соли 1996 - 20,1, 1997-17, 1998-18,5, 1999 - 19,1, ва 2000 - 22,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Пӯшида нест, ки солҳои охир ин ҳолат ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёди моддӣ ва маънавӣ расонид. Дар натиҷаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор