Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб (Анҷироби Поён-Шоҳон) Оид ба расонидани ёрии техникӣ ва ҷудо намудани 300 ҳазор доллари ШМА барои тайёр кардани Асосҳои техникию иқтисодӣ (ТЭО) ба БИР дархост фиристода шудааст.

  2. Лоиҳа оид ба таҷдид ва анҷом додани сохтмони мактабҳои миёна Барои амалӣ шудани ин лоиҳа БИР 9 млн. 530 ҳазор доллари ШМА пешбинӣ намудааст. Дар асоси пешниҳоди Вазорати маориф тамоми маблағҳои пешбинишуда барои таҷдид ва бунёди мактабҳои миёна дар ноҳияҳои зарардида пешбинӣ шудааст. Татбиқи қисми асосии ин лоиҳа аз нимаи дуюми соли 2001 ба нақша гирифта шудааст. То ин вақт тамоми корҳои вобаста ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима, асосҳои техникию иқтисодӣ, ҷудо намудани қитъаҳои муайяни замин ва гузаронидани озмун барои интихоби ширкатҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

  3. Лоиҳа оид ба Маркази ҷумҳуриявии кардиологӣ Дар асоси ин лоиҳа БИР ба Маркази ҷумҳуриявии кардиологӣ дастгоҳҳои лозимаи ҳозиразамони ҷарроҳиро ба маблағи 2 млн. 162 ҳазор доллари ШМА ҷудо намуд.

  4. Гранти кӯмакҳои техникӣ Баъд аз шиносӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси БИР Аҳмад Муҳаммад Алӣ барои лоиҳае, ки дар асоси он 6000 га заминҳои ташналаби ноҳияи Данғара обёрӣ карда мешавад, 280 ҳазор доллари ШМА ҷудо намуд.

Аз рӯзҳои аввали соли 2001 давраи нави ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо БИР оғоз гардид. БИР баъд аз омӯзиш ва таҳлили чуқури вазъи иқтисодии Тоҷикистон барномаи сесолаи кӯмакҳои худро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дар асоси он сохтмони якчанд иншоотҳои гидроэнергетикӣ, обтаъминкунии шаҳри Душанбе, таҷҳизонидани хизматгузориҳои амбулаторӣ ва ёрии таъҷилӣ ба нақша гирифта шудааст.

пешина
аз 785
навбатӣ