Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

оид ба Тоҷикистон гувоҳи афзудани рағбат ба равандҳои устуворгардӣ дар кишвар ва аз ҷумла, дар минтақа мебошад. 430 млн. доллари ШМА ҳамчун саҳм барои кор бо Тоҷикистон дар ду соли минбаъда баёнгари он мебошад, ки кишварҳо ва институтҳои донор ба Тоҷикистон майлу рағбати зиёд доранд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таҳким ва тақвияти муносибатҳои мутақобила бо БЕТР тавассути дар амал татбиқ намудани аҳду паймон ва машваратҳои дар ҷараёни кор бо БЕТР ноилгардида, ҳамчун яке аз воситаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои бозорӣ дар кишвар, инкишофи фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва ҷалби минбаъдаи сармоягузории хориҷӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Бояд ёдовар шавем, ки аз 3 то 5 марти соли 1998 БЕТР дар Токио бо мақсади ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ конференсияи иқтисодиро бо иштироки намояндагони давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон ташкил намуд. Дар ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси намоянда Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардонов М.М. муаррифӣ намуд.

Дар баромади худ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи сабабҳои кандашавии робитаҳои иқтисодии ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор шудани ҷумҳурӣ ва тадбирҳои андешидаистодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов ба иштироккунандагони конференсия маълумот дод. Бо дарназардошти талаботи созмонҳои молиявии ҷаҳон дар барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барқарорсозии иқтисодиёти мамлакат ба инкишофи соҳибкории хусусӣ эътибори махсус дода шуда буд. Барои татбиқи ин барнома қонунҳои мавҷудбуда аз нав дида баромада шуда, мувофиқи талаботи замон санадҳои нави қонунгузорӣ интишор мешаванд. Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон умед дошт, ки барномаи иқтисодӣ ва корҳои вобаста ба барқарорсозии мамлакат аз тарафи сармоягузорони Япония ва мамлакатҳои дигари тараққинамудаи ҷаҳон дастгирӣ хоҳанд шуд.

пешина
аз 785
навбатӣ