Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

бо иштироки ширкатҳои хусусӣ дар истеҳсол ва коркарди пахта равона гардад.

Лоиҳаи дуюм дар бахши хусусӣ лоиҳаи моҳи сентябри соли 1998 имзогардидаи иштирок дар сармоягузорӣ ба маблағи 1.7 млн.
доллар ва 3,5 млн. доллари ШМА кредити барои маблағгузории насб ва ба кор андохтани заводи истеҳсол ва ба шишаҳо рехтани нӯшокиҳо дар шаҳри Истаравшан мебошад. Корхонаи муштараке, ки ба он маблағ ҷудо карда шуд, махсус барои ин лоиҳа зиёд намудани ҳаҷми оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон, афзун гардонидани даромади кишвар аз содирот, инчунин баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва малакаи идоракунӣ мебошад.

Моҳи апрели соли 1999 БЕТР барномаи миёнамӯҳлати худро оид ба дастгирии бахши нақлиётии кишвар идома дода, барои таҷдиди фаврии хати парвозу нишаст ва системаи дренаж дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 3,2 млн. евро кредит пешниҳод намуд. Бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кредит бо 2,1 млн. евро маблағи гранти ба тариқи махсус ҷудо намудаи Фонди Япония оид ба дастгирии баъд аз низоъ ва 378 ҳазор еврои аз Фонди ҳамкории Японияю Европа дарёфтшуда дастгирӣ карда шуд. Ин сармоягузорӣ имкон дод, ки фурӯдгоҳи Хуҷанд фаъол гардида амнияти худро хеле баланд бардорад ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад.

БЕТР ба сифати бонки тиҷоратӣ ният дорад дар оянда дар лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатбахш ва самаранок дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд, вале зимнан бонки таҷдиду инкишоф буданашро фаромӯш нахоҳад кард. Масалан, дар соли 2001 БЕТР маблағгузории ду лоиҳаи бузургро ба нақша гирифтааст. Таҷдиди зерсохтори телекоммуникатсияи сектори иқтисод яке аз афзалиятҳои асосӣ барои БЕТР дар Тоҷикистон мебошад. Барои ин мақсадҳо БЕТР тибқи тахминҳои пешакӣ ният дорад 15 млн. доллари ШМА ҷудо намояд. Ин захираҳо барои таҷдиди шабака ва стансияҳои телекоммуникатсия равона карда хоҳанд шуд, зеро ин яке аз шартҳои муҳим барои ҷалби минбаъдаи сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Бешубҳа, алоқа ва зерсохтор ҷузъи муҳими таркибӣ барои фароҳам

пешина
аз 785
навбатӣ