Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

барои бо маблағҳои зарурӣ таъмин намудани лоиҳаҳое, ки ба раванди гузариши давлатҳо ба иқтисодиёти бозорӣ суръат мебахшанд, равона карда шудааст. Мутахассисони Бонк дар давраи омода сохтани ин лоиҳаҳо паҳлуҳои гуногуни онҳоро омӯхта, пеш аз тасдиқ таъсири мусбии онҳоро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт гаштаю баргашта дақиқ менамоянд. Тамоми корҳои вобаста ба ҳисоббаробаркунии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа, Созмони муттаҳидаи европоии ангишт ва пӯлод ва давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳонро иҷро намуда, фармоиши роҳбарияти бонкҳои марказии ин давлатҳоро вобаста ба фурӯш, харид ва нигоҳдории тилло, асъори қобили табдили давлатҳои дунё, амалиёти коғазҳои қиматнок, қарзҳои амонатӣ иҷро менамояд. Мақоми олии роҳбарикунандаи ин Бонк Маҷлиси умумии Шӯрои директорон, Президенти бонк ва дастгоҳи иҷроия ба шумор меравад. Дар фаъолияти худ бештар ба бахши хусусӣ тақя намуда, пешрафти онро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Мувофиқи Низомномаи Бонк барои ҳарчи бештар амалӣ шудани ин мақсад зиёда аз 60%-и тамоми сармояи бонк дар асоси нақшаҳои пешниҳодшуда бояд бештар бе кафолати ҳукуматӣ ба бахши хусусӣ равона карда шавад.

Баъд аз се моҳи оғози фаъолият, моҳи июни соли 1991 дар баробари тасдиқи аввалин лоиҳаи бахши давлатӣ оид ба бунёди Бонки "Познанск"-и Полша якбора маблағгузорӣ ба се лоиҳаи бахши хусусӣ муайян карда шуда буд, ки самти дар Низомномаи Бонк зикргардидаро бори дигар тасдиқ намуд. Бо ифтитоҳи намояндагии аввалини Бонк дар шаҳри Варшава фаъолияти берун аз ҳудуди идораи марказии БЕТР оғоз шуд. Дар тамоми марказҳои давлатҳои аъзо намояндагии Бонк таъсис дода шудааст.

Умуман, нимаи дуюми соли 1991 ва аввали соли 1992 барои кормандони БЕТР як давраи мушкулу серташвиш ва фаромӯшнашаванда буд.

Бояд қайд намоем, ки бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ то охири соли 1992 корҳои зиёде вобаста ба қабули 12 давлати навбунёд ба аъзогӣ анҷом дода шуданд. Дар ин давра бо сабаби барҳам хӯрдани Ҷумҳурии Федератсияи Югославия июли соли 1992

пешина
аз 785
навбатӣ