Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
анҷом дода мешуданд. Ҳаҷми зиёди гардиши сармояи озоди ШМА ва давлатҳои Европа боиси боз ҳам афзудани нуфузи ин бонк гардид. Аз ин вазъият истифода бурда, баъзе бонкҳои марказии давлатҳои Европа дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳисобҳои байни худро бо истифодаи сармояи озоди БҲБ анҷом медоданд. Ин бонк ба маркази ҳисоббаробаркунии байни бонкҳои миллии давлатҳои ҷаҳон табдил ёфта, ба афзудани ҳамкории байни онҳо мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, ин вазифаи муҳими ҳамоҳангсозии бонкҳои марказии давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳонро БҲБ то имрӯз бомуваффақият иҷро намуда истодааст. Имрӯзҳо бо вуҷуди аъзои комилҳуқуқи ин бонк будани 33 давлати ҷаҳон, ки аксарияти онҳо дар қитъаи Европа ҷойгир шудаанд, тамоми давлатҳои дунё ҳисоббаробаркунии муомилоти байнидавлатиашонро аз тариқи ин бонк анҷом медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли даҳ соли охир бо кушодани суратҳисобҳои махсуси худ ба тариқи ин Бонк пардохтҳои зиёдро бо созмонҳои молиявии ҷаҳон ва бо давлатҳое, ки бо онҳо муносибатҳои тиҷоратӣ доранд, анҷом медиҳанд.
§16.5. Бонки Европоии Таҷдид ва Рушд ва муносибатҳои он бо Тоҷикистон
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БЕТР) ҳамчун ташкилоти молиявии байналмилалӣ бо мақсади дастгирии молиявии бозсозиҳои азими сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва давлатҳои тозабунёде, ки баъд аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳи иқтисоди бозориро пеш гирифта буданд, моҳи майи соли 1990 дар вохӯрии навбатии сарварони 60 давлати ҷаҳон, ки дар Париж баргузор гардида буд, таъсис дода шуд. Фаъолияти бевоситаи Бонк моҳи апрели соли 1991 бо ифтитоҳи идораи марказии он дар ш. Лондон шурӯъ шуд. Барои таъмини фаъолияти пурмаҳсул аз рӯзҳои аввал кор ба БЕТР 10 млрд. евро (10 млрд.×1,34=13.4 млрд. доллари ШМА) маблағ пешбинӣ карда шуд, ки дар асоси он Бонк мебоист 1 млн. саҳмияро бо арзиши 10000 евро ҳар кадом барои дар байни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор