Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар тӯли шаш моҳи соли 2001 2,6 млн. доллари ШМА-ро ба созмонҳои қарздиҳанда баргардонидааст, ки ин амал боварии роҳбарияти Бонки умумиҷаҳониро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдтар менамояд.

Албатта пӯшида нест, ки дар панҷ сол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Барномаи таъмини пешрафти иқтисодиёти кишвар дар солҳои 2001-2003 метавонад аз Бонки умумиҷаҳонӣ то 1 млрд. доллари ШМА қарз гирад, бояд дар назар дошт, ки минбаъд маблағи зарурӣ бештар барои соҳаҳои энергетика, сохтмони иншооти барқӣ, бунёди корхонаҳои замонавӣ, комплекси агросаноатӣ, объектҳои инфраструктурӣ ва лоиҳаҳои экологӣ ҷудо карда мешаванд. Вобаста ба вазъи иқтисодии баамаломада дар солҳои 2001-2010 бо кӯмаки Бонки умумиҷаҳонӣ таъмини пешрафти самтҳои муайяни соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад. Ба фикри мо дар ин бахш бештар маблағҳо барои дастгирии инфраструктураи иҷтимоӣ дар ноҳияҳо, лоиҳаҳо оид ба ҷиҳозонидани беморхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, доир намудани ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, лоиҳаҳо оид ба таълиму тарбия ва омӯзиш равона намудан ба нафъи миллат мебуд. Ба ин гурӯҳ лоиҳаҳо ҳамчунин маблағҳо барои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани саноати истихроҷи маъдан, зиёд намудани истеҳсоли тилло, нуқра, ангиштсанг, санги мармар, гази табиӣ ва нафтро низ дохил кардан мумкин аст.

Мувофиқи нақша Бонки умумиҷаҳонӣ 16 майи соли 2001 дар Токио вохӯрии сеюмини Гурӯҳи машватиро бахшида ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов 14 майи соли 2001 ба Токио омад.

16 майи соли 2001 мулоқоти сеюми Гурӯҳи машваратии донорҳо оид ба Тоҷикистон таҳти раисии ҷаноби Кийоши Кодери - директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони давлатҳои Австрия, Белгия, Хитой, Франция, Германия, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Федератсияи Россия, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, ШМА, Бонки Осиёии Рушд,

пешина
аз 785
навбатӣ