Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

буданд, мавқеи муфиди тиҷоратию ҷуғрофии ҷойгиршавии онҳо кӯмак расонид. Масалан, барои Сингапур, Гонконг мавқеи мусоиди ҷойгиршавиашон, Миср бо канали Суэтс, Панама - бо канали Панама, Баҳрайн, Қатар, Уммон - дар мавқеи наздиктарин ба ҳавзаи бузурги нафти Шарқи Наздик ва Миёна ҷойгир шуданашон, дар мӯҳлати кӯтоҳ ба маркази тиҷоратии дунё табдил ёфтанд.

Вобаста бо нишондиҳандаҳои нисбатан пасти иқтисодӣ СММ 45 давлати дунёро, ки қисми зиёди онҳоро давлатҳои Африқо ва Осиё ташкил менамоянд, ба гурӯҳи давлатҳои дорои сатҳи пасти тараққиёт дохил кардааст.

Дар баробари дар сатҳи пасти тараққиёт қарор доштан вазъи 16 давлати ба ин гурӯҳ дохилшударо (Ангола, Афғонистон, Бурунди, Гаити, Зоир, Яман, Лаос, Либерия, Мозамбик, Мадагаскар, Мянма, Руанда, Сомалӣ, Судон, Чад, Эфиопия) ҷангҳои тӯлонии дохилӣ боз ҳам душвортар менамоянд.

Дар солҳои охир дар ҷаҳон якбора дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ ба амал омаданд. Дараҷаи баланди тараққиёти якчанд давлатҳои осиёгӣ ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Созмонҳои байнамилалӣ равиши нави иқтисодии давлатҳои ҷаҳонро ба назар гирифта, вобаста ба таъсири иқтисодиёт ба дараҷаи некӯаҳволии халқ, давлатҳои дунёро ба чор гурӯҳ тақсим намуданд:

  1. Давлатҳои дараҷаи баланди саноатӣ бадастоварда (ДДБС)

  2. Давлатҳои нави саноатӣ (ДНС)

  3. Давлатҳои дорои иқтисодиёти гузаранда (ДИГ)

  4. Давлатҳои рӯ ба инкишоф (ДРИ)

Бояд қайд намуд, ки ҳар гурӯҳи давлатҳои номбурда дар навбати худ бо хусусиятҳои хоси худ, дараҷаи бадастовардаи даромаднокӣ, махсусгардонии истеҳсолот боз ба якчанд гурӯҳҳо тақсим мешаванд, ки дар бораи онҳо ба шумо дар бобҳои оянда иттилооти муфассал медиҳем.

Гурӯҳи давлатҳои дар боло зикрёфта аз якдигар бо аломатҳои махсуси зерин фарқ мекунанд:

пешина
аз 785
навбатӣ