Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

СММ бар иловаи таснифоти мавҷудаи давлатҳо вобаста ба ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ ва дараҷаи бадастовардаи ҳосилнокии меҳнат, мавқеи ҷойгиршавии созмонҳои бунёдгаштаи бонуфузи ҳамгироии қитъаи Евразия ва вобастагии иқтисодии аксарияти давлатҳо аз давлатҳои абарқудрати дунё ба назар гирифта, мувофиқи ин усул зиёда аз 2/3 қисми давлатҳои дар қитъаи Европа ҷойгиршуда, ки шумораи онҳо ба 28 адад мерасад, аз қитъаи Америка танҳо ШМА ва Канада, аз Шарқи Наздик Исроил, аз Шарқи Дур Япония ва наздикии иқтисодиёти давлатҳои навбунёдро бо иқтисодиёти Федератсияи Россия ба назар гирифта, тамоми давлатҳои ИДМ-ро низ ба гурӯҳи давлатҳои тараққикардаи саноатӣ дохил намудааст.

Итилооти дар ҷадвал овардашуда нишон медиҳад, ки шумораи зиёди давлатҳои рӯ ба инкишоф мувофиқи иштироки онҳо дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, дар бозори ҷаҳонӣ, ба гурӯҳи давлатҳои сатҳи миёна дохил карда шудаанд.

Аммо бояд мо қайд намоем, ки ба гурӯҳи давлатҳои сатҳи миёна давлатҳое низ дохил карда шудаанд, ки онҳо имрӯз дар миқёси иқтисодиёти ҷаҳон мавқеи муҳимро ишғол намуда, ба марказҳои нави аз ҷиҳати техникӣ пешрафтаи ҷаҳон табдил ёфта истодаанд. Ба ин гурӯҳ давлатҳо имрӯзҳо дар қитъаи Осиё - Хитой, Ҳиндустон, Покистон, давлатҳои арабӣ, дар қитъаи Америкаи Лотинӣ - Бразилия ва Аргентина, дар қитъаи Африка - Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ ва Нигерия дохил мешаванд.

Ветнам, ки ба он кишварҳои Ҳиндухитой (Камбоҷа ва Лаос) майл мекунанд, Эрон, ҶХДК, Куба, аз кишварҳои арабӣ бошад - Ироқ ва Либия нақши мустақилонаро мебозанд.

Маълум аст, ки бо кӯмаку дастгирии ШМА, Канада имрӯзҳо тамоми давлатҳои Америкаи Лотинӣ ба гурӯҳи давлатҳои дорои тараққиёти миёна дохил карда шудаанд.

Ба пешрафти қисми зиёди давлатҳои ба гурӯҳи дараҷаи миёнаи тараққиёт, ки дорои сарватҳои зиёди табиӣ (аз нафт то ҷангал) низ

пешина
аз 785
навбатӣ