Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
• ҳаҷми солонаи ММД ва маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ба ҳар сари аҳолӣ бо ифодаи пулӣ;
• сохтори хоҷагӣ аз рӯи шумораи шахсони машғули кор (фоиз);
• истеҳсоли солонаи қувваи барқ бо кВТ/соат ба ҳар сари аҳолӣ;
• сохтори тиҷорати хориҷӣ, содирот ва воридот (фоиз);
• ҳиссаи ММД ва МММ, ки ба соҳаи маориф равона карда шудааст (фоиз);
• ҳиссаи ММД ва МММ, ки ба соҳаи илм равона карда шудааст (фоиз);
• ҳиссаи андозҳо дар ташаккули буҷети давлат (фоиз);
• ҳиссаи бекорон ва ё қисман бекорон нисбат ба шумораи аҳолии фаъол;
• таъмини аҳолӣ бо асбобҳои техникии рӯзгор (телевизор, компьютер ва мошинҳои сабукрав ба ҳар 1000 нафар, телефон ба ҳар 100 нафар);
• дараҷаи иҷро накардани масъулият дар назди шарикон (балл), дараҷаи фасодии иқтисод;
• пуррагии дараҷаи бадастомадаи инфраструктура (дарозии роҳи оҳан, дарозии роҳи автомобилгард дар 1 км, 10км, 100 км мураббаи ҳудуд.
Бо мақсади тасаввуроти пурра пайдо намудан ин аломатҳоро дар алоҳидагӣ дида мебароем.
Ҳаҷми солонаи ММД ва МММ ба ҳар сари аҳолӣ бо ифодаи пулӣ.
Умуман ба ин ва ё он гурӯҳ дохил намудани давлатҳо дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, вобаста ба дараҷаи баланди бадастовардаи нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида амалӣ мешавад. Масалан, соли 1997 яке аз нишондиҳандаҳои асосии меъёри муайянкунандаи сатҳи баланди давлат - ҳаҷми МММ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ дар ҳаҷми 15000-17000 доллари ШМА муайян карда шуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё