Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Герсоговина, Булғория, Хорватия, Ҷумҳурии Чехия, Эстония, Гурчистон, Венгрия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Латвия, Литва, Македония (собиқ Югославия), Молдова, Муғулистон, Полша, Руминия, Федерацияи Россия, Ҷумҳурии Словакия, Словения, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон) дар ҳаҷми умумии 30,7 млрд. СДР (41,3 млрд. доллари ШМА ) қарзҳои имтиёзнок ва кӯмакҳои техникии худро расонид.
Баъди соҳибистиқлол шудан Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин созмони бонуфузи ҷаҳон пайваст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 1993 ба узвияти Хазинаи Байналмилалии Асъор пазируфта шуд. Тоҷикистонро дар шӯрои иҷроияи ХБА Швейтсария намояндагӣ менамояд, ки айни ҳол директории онро Ҷаноби Мишел Чипо ба ӯҳда дорад.
Квораи Тоҷикистон дар ХБА 60 млн. СДР (тақрибан 80 млн. доллари ШМА)-ро ташкил менамояд. Ин маблағ дар маҷмӯи ҳаҷми квотаҳои ХБА 0,4 фоизро ташкил менамояд. Мувофиқи талаботи Оинномаи ХБА вобаста ба маблағи пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи овозҳои аъзоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон 0,06%-ро ташкил менамояд.
Вобаста ба вазъи сиёсии Тоҷикистон гуфтушунидҳо оид ба ҳамкории байни ХБА ва Тоҷикистон зиёда аз ду сол тӯл кашид.
Муносибатҳои дутарафаи муфиди Тоҷикистону ХБА аз рӯзҳои аввали соли 1995 оғоз ёфтанд. Дар ин сол Тоҷикистон бо кӯмаки техникии ХБА асъори миллии худро ба муомилот баровард. Ҳамчунин ҷиҳати ҳамоҳангсозии барномаҳои иқтисодӣ гуфтушунидҳои муфид баргузор гардиданд.
Моҳи ноябри соли 1995 дар шаҳри Душанбе намояндагии ХБА ифтитоҳ ёфт, ки он ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ҳамкориро бо ХБА боз ҳам зичтар намояд. Аз моҳи ноябри ҳамон сол Ҷаноби Стивен Гилмор намояндаи доимии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Бо мусоид шудани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ХБА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи иқтисодии соли 1996-ро ҳамоҳанг сохта, моҳи майи ҳамон сол дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор