Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

илмию техникии ондавра маҳрум сохта, аҳолии онҳоро дар сатҳи пасти зиндагӣ қарор дод.

Дар ҷаҳони тараққикардаи капиталистӣ низ солҳои 70-уми асри ХХ нуқсонҳои ин система ошкор гардида, ба пешрафти иқтисодиёти бисёр давлатҳои тараққинамуда халал мерасондагӣ шуд. Гап дар сари он буд, ки дар натиҷаи афзоиши босуръати савдои байналмилалӣ ва асъори хориҷии якчанд давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, вайроншавии таносуби байни захираҳои тилло ва асъори хориҷӣ баръало дида мешуд. Кам шудани захираи тиллои ШМА дар бонкҳои давлатӣ ва афзудани захираи доллари ШМА боиси нобоварӣ дар истифодаи минбаъдаи доллари ШМА гардид.

Соли 1971 чунин шароити ба амаҷомадаро ба назар гирифта, бо мақсади дар бозори ҷаҳонӣ аз даст надодани мавқеи ишғолнамудаи доллари ШМА шартҳои иваз намудани доллари ШМА ба тилло аз байн бардошта шуд. Минбаъд қурби доллари ШМА дар баробари асъори давлатҳои дигари ҷаҳон вобаста ба талабот ва пешниҳод дар бозорҳои асъор муайян карда мешуд, яъне доллари ШМА аз асъори устувор ба асъори тағйирёбанда табдил ёфт, ки он ба барҳамхӯрии системаи стандарти тиллою асъорӣ оварда расонд.

Соли 1976 дар маҷлиси навбатии аъзоёни ХБА, ки дар Кингстон (Ямайка) баргузор гардида буд, принсипҳои асосии истифодаи системаи танзими қурби асъор муайян карда шуд. Дар асоси ин система тилло мавқеи худро ҳамчун пули ҷаҳонӣ пурра аз даст дод. Нархи устувори тилло низ барҳам хӯрда, танҳо дар асоси таносуби талаботи бозор ва пешниҳодот муқаррар карда мешуд. Имтиёзҳои зиёди ба бонкҳо додашуда низ аз байн бардошта шуданд. Дар оянда онҳо ҳуқуқи хариду фурӯши тиллоро танҳо бо нархҳои чакана доштанду халос.

Қурби тағйирёбандаи асъори миллии давлатҳои алоҳида бошад, бояд минбаъд бо дарназардошти арзиши аслии қобилияти харидории асъор дар бозори дохилӣ ва пешниҳоду талабот ба асъори миллӣ дар бозорҳои асъори ҷаҳонӣ бояд муайян карда шавад.

пешина
аз 785
навбатӣ