Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аввал, авҷгирии хусусияти монеавии расмиёти гумрукӣ дар шароити сол ба сол вусъат ёфтани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии давлатҳо, зиёд шудани интиқоли бору мусофирон аз сарҳад.

Дуюм, дар миқёси ҷаҳонӣ паҳн гардидани қочоқи маводи нашъаовар, силоҳ, сарватҳои фарҳангию таърихӣ, ки на танҳо ба кишварҳои алоҳида, балки умуман ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён меорад.

Дар иҷлосияи навбатии ҳарсолаи Шӯрои ҳамкории гумрукӣ, ки тобистони соли 1994 баргузор гардид, дар бораи номи нави ШҲГ - Ташкилоти умумиҷаҳонии гумрук (ТУГ) қиёсан бо Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС) қарор қабул гардид. Бо ин қарор ШҲГ ваҳдату ягонагии ногусастании гумрук ва савдоро, ки дар байни аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷой доранд, ифода мекунад. Дар ин хусус боз он шаҳодат медиҳад, ки СГТС ба Шӯрои ҳамкории гумрукӣ супориш додааст, то қоидаҳои универсалии муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи молро таҳия намояд.

Соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои ҳамкории гумрукӣ дохил шуд.

Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ташкилоти мӯътабари байналхалқии гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки робитаю ҳамкориро бо хадамоти гумрукии кишварҳои хориҷаи дур вусъат диҳад, дар хусуси тамоюлоти инкишофи фаъолияти гумрукӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти саҳеҳ гирифта, конвенсияҳои гумрукӣ, тавсияву меъёрҳои таҳти сарпарастии ШҲГ таҳиягардидаро дар фаъолияти худ истифода намояд, дар муҳокима ва қабули қарорҳо доир ба масоили гумрукии дар доираи ШҲГ таҳияшаванда бевосита иштирок намуда, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ таклифу тавсияҳои худро пешниҳод намояд ва аз ҳама муҳимаш расмиёти гумрукии худро бо стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонад, ки ин тиҷорати ҷумҳурии моро бо кишварҳои хориҷӣ хеле осон мекард. Дар сурати ба миён омадани ягон мушкилот ва баҳсҳо бо шарикони савдо дар мавриди шарҳи низомҳои гумрукӣ, имконият пайдо мешавад, ки

пешина
аз 785
навбатӣ