Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вобастагӣ надоранд ва дар муайян намудани маблағи аъзоҳаққӣ барои аъзоёни худаш соҳибихтиёр мебошанд.

Барои онҳое, ки бо роҳи дуюм аъзо шудаанд, миқдори аъзоҳаққии солона ба маблағи 20000 франк муайян карда шудааст.

Ширкатҳои тиҷоратӣ ва бозорӣ метавонанд ба Консулғарияи Умумиҷаҳонии ПБС барои таъсис додани Кумитаи миллӣ муроҷиат кунанд. Консулғарияи Умумиҷаҳонӣ масъалаи таъсисёбии Кумитаи миллиро аз рӯи талаботи зерин дида баромада, баъд қарор қабул мекунад:

• аъзоёни Кумитаи миллии навтаъсис бояд қувваи асосии пешбарандаи иқтисоди мамлакате бошанд, ки дар фаъолияти хоҷагидориаш ба асосҳои иқтисоди бозорӣ такя кунад;

• Кумитаи миллӣ бояд мунтазам ва самаранок дар фаъолияти ПБС иштирок кунад;

Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ният дорад, ки аъзои ПБС гардад. Агар ин масъала ҳалли худро ёбад, барои Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушду нумӯи тиҷорати байналмилалии соҳибкорони ватанӣ имкониятҳои хубу самарабахш пайдо мешуданд. Вале барои амалӣ гардонидани ин масъала монеаҳои зерин садди роҳ шудаанд:

а) супурдани маблағи ҳарсолаи аъзоҳаққӣ;

б) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳоло Кумитаи миллии ПБС таъсис наёфтааст;

в) барои аъзои ПБС шудан фақат кӯшишу ғайрати Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кифоя нест.

Бинобар ин барои ба таври мусбӣ ҳал намудани ин масъала бояд, пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии ПБС-ро ташкил дод. Бо таъсиси Кумитаи миллии ПБС Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз тамоми имтиёзоти ин созмон истифода намояд.

Бо таъсис додани Кумитаи миллӣ дар Тоҷикистон, на танҳо Палатаи савдою саноат, балки даҳҳо ширкатю корхонаҳои ҷумҳурӣ ҳам аъзои ин ташкилоти бонуфуз шуда метавонанд.

пешина
аз 785
навбатӣ