Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Тоҷикистон кушодаанд. Расмиёти баррасии дархости кишвар зимни ҳамроҳшавӣ таҳлили ҷиддии қонунҳои гумрукии кишвари довталабро дар бар мегирад. Зимнан барои дохил шудан ба ин ташкилот бояд фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пурра озод карда, тамоми асноди меъёрию қонунгузорӣ, системаҳои танзими тарифию ғайритарифӣ, додани ёрии пулӣ ва қарздиҳӣ бо талаботи ТУС/ВТО мутобиқ гардонида шавад.
Дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ТУС/ВТО бо ҳуқуқи узви он ба Тоҷикистон имконият медод, ки барои бидуни бастани шартномаю созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба иштирок кардан дар тиҷорат дар доираи созишномаи бисёрҷониба ҳуқуқ пайдо кунад, маҳдудиятҳои табъизии дар тиҷорати ҷаҳонӣ, дар навбати аввал дар содироти мол ҷойдоштаро рафъ созад, аз имтиёзҳо истифода намояд, инчунин ба иттилооти мунтазам дар бораи тамоюлоти нав дар соҳаи сиёсати иқтисодии хориҷӣ роҳ ёбад. Дар натиҷа ҳамроҳшавӣ ба ТУС/ВТО Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ наздик мекард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси гурӯҳи махсуси экспертӣ оид ба таҳияи масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ТУС/ВТО қарор қабул кардааст.
§15.5. ПАЛАТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО
(Суфиев К.С. — Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Палатаи байнамилалии савдо (ICC-ПБС) соли 1919 дар Париж ташкил карда шудааст.
Ин созмон бо барномаҳои корӣ ва фаъолияти худ яке аз созмонҳои бонуфузтарини соҳибкории хусусии ҷаҳон, ки зиёда аз 6 ҳазор ширкат, 1,5 ҳазор созмонҳои соҳибкорони миллии 110 давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба инкишофи ҷаҳонро муттаҳид менамояд, мебошад.
Созмони ПБС имрӯзҳо дар 50 давлати ҷаҳон намояндагии хориҷии худро бунёд намуда, дар корҳои доир ба пешрафти фаъолияти созмонҳои миллии давлатҳои аъзо кӯмаки худро дарег

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор