Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§ 15.3. ТАШКИЛОТҲОИ ТИҶОРАТИВУ ИҚТИСОДИИ БИСЁРҶОНИБА
Дар тӯли 50 соли охир бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни давлатҳои ҷаҳон зиёда аз 300 ташкилоти байналмилалии тиҷоративу иқтисодӣ бунёд карда шудаанд, ки онҳо бо мурури замон, вобаста ба иштироки зиёд ва ё ками аъзоён ба се гурӯҳ тақсим карда шуданд:
• ташкилотҳои байналмилалии тиҷоративу иқтисодии дорои шумораи зиёди иштирокчиён;
• ташкилотҳои байналмилалии тиҷоративу иқтисодии дорои шумораи миёнаи иштирокчиён;
• ташкилотҳои байналмилалии тиҷоративу иқтисодии дорои шумораи маҳдуди иштирокчиён.
Таҷрибаи равнақу ривоҷи тиҷорати ҷаҳонӣ борҳо нишон додааст, ки дар ташаккули тиҷорати ҷаҳонӣ бароҳмонии дурусти содирот ва воридоти мол бештар ташкилоти тиҷоративу иқтисодии начандон бузург нақши муҳим доштаанд, баъзеи онҳо дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули 50-сола тавонистанд бо меъёрҳои пешниҳоднамудаи худ ҳаракати молу таҷҳизот, сармоя ва хизматрасониро дар байни давлатҳои ҷаҳон содда ва осон намуда, дар баробари сазовари боварии тамоми ҷаҳониён гаржидан, ба ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон табдил ёбанд.
Ба ин гурӯҳ ташкилотҳо Созишномаи умумӣ оид ба тарифҳо ва савдо (ТУС/ВТО), Конференсияи СММ оид ба савдо ва тараққиёт (ЮНКТАД); Ташкилоти байналмилалии гумрук (МТО) ва Палатаи савдои байналмилалӣ (МТП) дохил карда мешаванд.
Барои муайян кардани мавқеи ҳар яке аз ин ташкилотҳо ва хизматҳои баҷоовардаи онҳо дар ташаккул ва равнақу ривоҷи савдои ҷаҳонӣ, муносибатҳои ташаккулёфтаи ин ташкилотҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо иттилооти фишурда доданӣ ҳастем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор