Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дастурамалҳо ва меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳаҳои мухталиф ба онҳо ҳуқуқ ва ваколатҳои зарурӣ муҳайё менамоянд.

Дар баробари созмонҳои байниҳукуматии иқтисодӣ созмонҳои ғайриҳукуматии дар ҷаҳон таъсисдодашуда низ таърифи қонунан тасдиқшудаи худро доранд. Дар Қатномаи (Резолятсияи) Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС) аз 27 феврали соли 1950 мафҳуми созмони ғайриҳукуматӣ дар шакли зерин тасдиқ шудааст: "Созмони ғайридавлатӣ ҳар гуна созмоне мебошад, ки барои бунёди он созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо нарасидаанд."

Шумораи зиёди созмонҳои ғайридавлатӣ вобаста ба таъмини пешрафти соҳаҳои махсуси иқтисодиёти ҷаҳон аз тарафи СММ дастгирии ҳаматарафа ёфта, барои иҷро ва гузаронидани тадқиқоти лозима ба ин созмон хизмат мекунанд.

Созмонҳои ғайридавлатӣ нисбат ба созмонҳои байниҳукуматӣ бо вуҷуди ҳуқуқи субъекти байналхалқӣ надоштанашон бештари фаъолияти худро дар давлатҳо ва ё минтақаҳои алоҳида гузаронида, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто тамоми системаҳои муносибатҳои иқтисодии амалкунандаи байнидавлатиро низ фаро гирифта, таъсири муайяни худро дар сиёсати давлатҳои алоҳида ва созмонҳои иқтисодии байниҳукуматӣ низ мегузоранд. Аз соли 1950 сар карда, то имрӯз (с.2001) дар дунё 7000 созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба 900-тои онҳо СММ мувофиқи низомномаи худ, статуси машваратӣ дода, барои дар иҷлосияҳои СММ гузаронидани масъалаҳои муҳими тадқиқшуда кӯмак мерасонанд.

Имрӯзҳо вобаста ба хусусият ва вазифаҳои дар назди худ гузошта созмонҳои иқтисодии байналмилалиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Созмонҳои байнидавлатии универсалӣ.

Фаъолияти ин гурӯҳ созмонҳо мақсаду мароми тамоми давлатҳои ҷаҳонро ифода намуда, пеш аз ҳама бо мақсади ҳарчи бештар содда намудани равандҳои бюрократии дар ҷаҳон амалкунанда, дастгирии иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, давлатҳои навбунёди соҳибистиқлол, додани қарзҳои

пешина
аз 785
навбатӣ