Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

XX ҳаҷми истеҳсоли алюминий аз 36 ҳазор тонна ба 96 ҳазор тонна дар як сол расонида шуд. Дар ин давра истеҳсоли мис чун маводи аввала барои корхонаҳои истеҳсоли симу кабел, компьютер аз 43 ҳазор тоннаи соли 1989 дар соли 1996 то ба 95 ҳазор тонна расонида шуд.

Роҳбарияти корхонаи "Арок" аз иқтидори корхонаи азими алюминийи Тоҷикистон бохабар буда, солҳои аввали баистифодадиҳӣ аз таҷрибаи бои он истифода мебурд. Робитаҳои дӯстонаи роҳбарияти ин корхона якчанд солҳост, ки идома дорад. Сарвари корхонаи алюминийи Тоҷикистон соли 1995 аз корхонаи Арок боздид намуд.

Даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати соҳаи мошинсозии Эрон тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Сабаби чунин пешрафт пеш аз ҳама дар сиёсати дурусти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дида мешавад.

Чунин сиёсат боиси он гардид, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯзҳо мошинҳои сабукрави "Патрул" (Япония), "Ланкрузер" (Япония), "Пежо" (Франсия), "Праид" (Кореяи Ҷанубӣ), мошини боркаши "Мерседес" (Германия) истеҳсол карда мешаванд.

Саноати мошинсозии Эрон солҳои охир бо истеҳсоли автобусҳои ҳозиразамон, локомотивҳо, локомотивҳои махсуси дутабақаи метро, мошинолоти кӯҳканӣ, роҳсозӣ, борбардор саҳми хосаи худро дар иқтисодиёти ҷаҳон гузоштааст.

Агар дар солҳои ҳукмронии шоҳ Паҳлавӣ соҳаҳои гуногуни саноати Эрон 85% аз давлатҳои хориҷӣ вобастагӣ дошта бошанд, пас имрӯз бо кӯшиши аҳолии сермиллати Эрон ин нишондиҳанда ҳамагӣ 10-12%-ро ташкил менамояд.

Бояд қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалҳои асри XXI барои тезонидани корҳои сохтмонии роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ беҳтарин таҷҳизоти кӯҳканӣ ва роҳсозии Эронро истифода мебарад.

Ҳар сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёда аз 100 ҳазор мошинҳои сабукрави гуногунтамға (зиёда аз 50%-и он мошини тамғаи "Пайкон"), 400 ҳазор мошини боркаш, 250 ҳазор комбайн, 400

пешина
аз 785
навбатӣ