Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

симҳои барқӣ фаъолият менамоянд. Сарзамини Эрон аз гази табиӣ низ хеле бой аст. Аз ҷиҳати захираи он дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Тамоми соҳаҳои саноат, хизмати маишӣ ва аҳолии Эрон аз гази табиии сарзамини худ пурра истифода мебаранд, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо гази табиӣ пурра таъмин карда шудаанд.
Имрӯзҳо ширкати миллии гази кишвар зиёда аз 40 ҳазор км қубури баландшиддати газро дар ихтиёри худ дорад. Бояд қайд намоем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ба меҳнат ҳавасманд кардани миллати худ тамоми имтиёзҳоро муҳайё намуда (кашидани қубурҳои газ, хизматрасонии онҳоро ба ӯҳда гирифтааст), арзиши гази табиӣ ва нафтро дар бозори дохилӣ хеле арзон кардааст.
Масалан, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон ба 1 доллари амрикоӣ 26,5 литр бензини А-93 харидан мумкин аст. Барои муқоиса, дар Тоҷикистон 1 марти соли 2001 ба як доллари амрикоӣ ҳамагӣ 2,5 литр бензин харида мешавад.

Захираҳои зиёди маъдан имкон доданд, ки дар даҳсолаҳои охир корхонаҳои металлургӣ бунёд карда шаванд. Имрӯзҳо дар Эрон 2600 кони маъдан ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 80 млн.
тонна маъдан истеҳсол карда мешавад. Дар пешрафти соҳаи саноати коркарди маъдан афзоиши босуръати истеҳсоли пӯлод дида мешавад.
Агар дар арафаи инқилоб ҳаҷми истеҳсоли пӯлод 567 ҳазор тоннаро ташкил намуда бошад, пас дар тӯли танҳо бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли он 12 маротиба афзуда, ба 6 млн. тонна расонида шуд, ки Эрон бо ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Бояд қайд намоем, ки аксарияти (90%) маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи металлургӣ пеш аз ҳама барои таъмини эҳтиёҷоти кишвар равона карда мешавад. Вобаста ба захираҳои дохилӣ солҳои охири асри ХХ Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади пурра таъмин намудани талаботи соҳаҳои истеҳсолии ватанӣ ба бунёди корхонаҳои ҳозиразамони фулузоти ранга эътибори зиёд медиҳад.

Дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин корхонаи азими дорои таҷҳизоти
замонавӣ "Арок", ки барои истеҳсоли алюминий махсус гардонида
шудааст, бунёд гардид. Дар натиҷа дар тӯли панҷ соли охири асри

пешина
аз 785
навбатӣ