Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Баҳри иҷрои ин мақсад соли 1997 Бонки захиравии Ҳиндустон иҷозат дод, ки дар 35 соҳаи хоҷагии халқ, 50%-и сармояи хориҷиро истифода кунанд.
Хусусиятҳои хоси соҳаи истеҳсол ва интиқоли барқ, сохтмони хатҳои қубурҳои интиқоли нафту газ, сохтмони роҳ ва сардхонаҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзиро ба назар гирифта, барои истифода бурдани 72%-и сармояи хориҷӣ иҷозат дода шуд.
Охирҳои соли 1997 Ҳукумати Ҳиндустон номгӯи иҷозатномаи иштироки сармояи хориҷиро зиёд намуда, истифодаи 100-фоизаи онро дар инфраструктураи мамлакат, истеҳсоли маҳсулот барои содирот, бунёди корхонаҳои кишоварзӣ ва сохтмони мактабу беморхонаҳо иҷозат дод.
Бо вуҷуди ин давлат соҳаҳои стратегии мамлакат - комплекси сӯзишворию энергетикӣ, конҳои бузурги нафт, ангиштсанг, корхонаҳои металлургӣ - пӯлодгудозӣ, сементбарории мамлакат таҳти назорати давлат буданд. Дар ин соҳаҳо сол аз сол пешравӣ мушоҳида мешуд. Иқтидори бузурги Ҳиндустонро ба назар гирифта, ширкатҳои машҳури ҷаҳон, ба мисли "Ҷенерал Моторс", "Тойота" дар соҳаи мошинсозӣ, "Ай-Би-Эм", "Хюлет пакард" дар соҳаи саноати хӯрокворӣ сармояи худро ба ин кишвар барои бунёди корхонаҳои худ равон мекарданд. Ин тамоил солҳои охир хеле суръат гирифт ва ҳаҷми маблағгузории хориҷӣ то 10 млрд. доллари амрикой зиёд шуд.
Бо дарназардошти шароити мусоиди ин мамлакат ва нақшаи Ҳукумати Ҳиндустон солҳои аввали асри XXI, ба иқтисодиёти мамлакат ҷалби сармояи хориҷӣ бояд даҳчанд зиёд карда шуда, дар ин асос дар натиҷаи таъмини тараққиёти босуръати иқтисодиёт то солҳои 2020 Ҳиндустон ба чорумин давлати абарқудрати ҷаҳон табдил ёбад.
Дар давраи гузаронидани либерализатсияи иқтисодиёт якбора афзудани ҳаҷми содироти мол дар мамлакат мушоҳида карда шуд. Имтиёзҳои зиёд дар таъмини фаъолияти озоди иқтисодии хориҷии корхонаҳо ба он оварда расонд, ки онҳо дар натиҷаи истеҳсоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор