Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
мардум таъсис дода шуданд, ки шӯъбаҳои онҳо дар тамоми гӯшаю канори мамлакат амал мекунанд.
Мақсади чунин хароҷот ва чорабиниҳои азим аз он иборат буд, ки таҷрибаи даҳсолаҳои охирро истифода бурда, проблемаи таъмини аҳолиро бо маводи ғизоӣ, алалхусус бо маҳсулоти ғалла, ҳаллу фасл намоянд.
Мувофиқи талаботи ратсиони (вояи хӯроки) ҳар як фарди Ҳиндустон, дар баробари аз як миллиард гузаштани шумораи аҳолии он, истеҳсоли маҳсулоти ғалла дар соли 2001 бояд ба 235 млн. тонна расонда шавад. Ин албатта, бо вуҷуди вазифаи мушкил буданаш, бо ғайрату меҳнати миллати ҳинд ҳалшаванда аст.
Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ аҳолии Ҳиндустон, агар дар соли 2025 1,4 миллиард нафарро ташкил кунад, пас дар охири асри XXI шумораи он ду маротиба зиёд шуда, ба 1.9 млрд. мерасад.
Бозори бузурги дохилӣ ва пуркудрат шудани синфи миёнаи хусусии мамлакат беш аз пеш диққати сармоядорони хориҷиро ба худ ҷалб мекард. Дар баробари ин Ҳукумати Ҳиндустон аз ибтидои солҳои 90-ум "иқтисодиёти кушода"-ро пеш гирифта, бо пешниҳоди сарватҳои бои табиӣ, қувваи арзони корӣ, либерализатсияи қонунҳои амалкунанда сармояи хориҷиро ба мамлакат ҷалб карда, азнавсозии техникӣ ва пешрафти истеҳсолотро таъмин менамояд. Дере нагузашта ин тадбирҳои номбурда натиҷаҳои дилхоҳро доданд. Агар ҳаҷми вуруди солонаи сармояи хориҷӣ дар солҳои 1986-1991 200 млн.
долларро ташкил дода бошад, баъди соли 1997-ум миқдори он якбора ба 3 млрд. доллари ШМА расид.
Сармоягузорони хориҷӣ сармояи худро бештар ба саноати комплекси энергетикӣ, телекоммуникатсия, металлургия, таҷҳизоти нақлиёт, нафту химия, коркарди чӯб ва содироти сангҳои қиматбаҳо равона менамуданд.
Ҳукумати Ҳиндустон аз ҳарчи бештар ба мамлакат ворид шудани сармояи хориҷӣ барои анҷом додани модернизатсияи соҳаҳои истеҳсолот, вориди технологияи нав ва истеҳсоли молҳои дар бозори ҷаҳонӣ қобили рақобат умедҳои зиёд дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор