Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
нав рӯ ба инкишоф ниҳода пешкаш намуданд. Молҳои истеҳсоли давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар баробари дараҷаи баланди сифати худ арзиши гарон доштанд, ки ба қисми зиёди аҳолӣ дастрас набуданд. Ин тамоил аз солҳои 80-ум сар карда давлатҳои Араб, Шарқи Наздик ва аз соли 1992 давлатҳои нави соҳибистиқлолро низ фаро гирифт.
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сармояи Франция мошини сабукрави "Пежо", бо сармояи Япония мошини сабукрави "Ниссанпатрул" ва яхдони "Электростил", бо сармояи Германия мошинҳои боркашу мусофиркаши "Мерседес", телевизори "Грюндик" ва компютерҳо, бо сармояи Кореяи Ҷанубӣ мошини сабукрави "Прайд"
истеҳсол карда мешавад. Чунин шароит аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фароҳам омад. Масалан, бо сармояи Кореяи Ҷанубӣ корхонаи нахи пахтаи "Кабоол- Текстайл", бо сармояи Италия корхонаи наҳресӣ ва истеҳсоли матои "Ҷавонӣ", бо сармояи Англия корхонаи коркарди тилло ва ғайраҳо бунёд карда шуданд. Оҳиста-оҳиста маркази пешрафти техникӣ ва умуман иқтисодӣ дар ҷаҳон тамоилашро дигар намуда, ба давлатҳои Осиёи Шарқӣ гузашт. Баъд аз Кореяи Ҷанубӣ, Гонконг, Сингапур, Малайзия, Тайван якбора ба Хитой ва солҳои 90-ум ба Ветнам гузашт. Бо барқарор шудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ШМА, Япония тараққиёти иқтисодиёти он тамоман ранги дигар гирифт. Дар натиҷаи созишномаи аввалини байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ШМА, ки дар асоси он корхонаҳои саноатии Хитой бояд ба маблағи 20 млрд. доллари ШМА ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка либосҳои тайёри пахтагин ворид намоянд, суръатгирии иқтисодиёти Хитой ва бо маҳсулоти худ ба бозори ҷаҳонӣ ворид шудани ин кишвар оғоз гардид.
Ҳамин тариқ, бо баробари аз байн рафтани лагери сотсиалистӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷаҳони имрӯза муносибатҳои иқтисодии тамоми кишварҳо аз идеологияи ба ҳам мухолиф озод гардида, дар доираи меъёрҳои ягонаи байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё