Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҷавобгӯи худ дар бозори ҷаҳонӣ бо чунин мол ва маҳсулоти давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобат намуданро сар карданд. Даромади зиёде, ки нисбат ба сармоягузорӣ дар мамлакати худ дида, аз ин мамлакатҳо ба даст оварда мешуд, сармоядорони олами капилистиро ҳавасманд менамуд, ки қисми зиёди сармояи худро барои бунёди корхонаҳои худ дар давлатҳои нав рӯ ба инкишоф ниҳода гузоранд. Дар натиҷа аз ҷумлаи давлатҳои нав рӯ ба инкишоф ниҳода соли 1980 гурӯҳи начандон калони давлатҳое, ки бо дастовардҳои худ ба пешрафти иқтисодӣ ноил гардиданд, номи давлатҳои нави саноатиро гирифтанд. Соли 1980 дар ҷаҳони капилистӣ тамоили авҷгирии ҳаракати сармояи қарзӣ, ки дар баробари равнақу ривоҷи истеҳсолоти дохилии мамлакати худ бештари он боз барои вусъатгирии фаъолияти иқтисодии хориҷии олами капилистӣ пешбинӣ шуда буд, ба мушоҳида мерасид. Мувофиқи маълумотҳои Бонки байналмилалии ҳисоббаробаркунӣ ҳар рӯз гардиши сармояи ҷаҳони капилистӣ, ки бевосита тариқи ҳисобҳои бозори байналмилалии қарзӣ сурат мегирад, меафзояд. Агар соли 1995 ин нишондиҳанда 1 трлн. 200 млрд. долларро ташкил дода бошад, пас соли 2000 ин маблағ 4 маротиба афзуда, 4 трлн. 800 млрд. доллари ШМА-ро ташкил дод.
Ҳаракати сармояи манфиатнокро дар шакли таҷҳизот, бунёди фабрикаю заводҳо бо мисолҳои зерин шарҳ медиҳем. Масалан, даҳсолаҳои охир сармояи зиёди Япония, Корея ба чунин давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, ба монанди Гонконг, Тайван, Малайзия, Сингапур, Хитой ва ғайра равона карда шуд, онҳо бо истифодаи қувваи арзони корӣ тамоми бозорҳои дунёро бо маҳсулоти нисбатан арзони худ пур намуданд. Дастгоҳҳои техникии (телевизор, видеомагнитофон, видеокамера, фотоаппаратҳо, асбобҳои рӯзгор) истеҳсоли давлатҳои нави саноатӣ нисбат ба чунин молҳои истеҳсоли Япония ва Корея чанд маротиба арзонтар буда, дастраси шумораи зиёди аҳолии давлатҳои рӯ ба инкишоф мегардид. Иқтисоддонҳои давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон вазъи иқтисодии тамоми мамлакатҳои дунёро омӯхта, ба ҳукумати худ концепсияи истеҳсоли молҳои саноатии худро бо қувваи арзони корӣ дар ҳудуди давлатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё