Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар ин бобат ба шумо дар бобҳои оянда маълумоти муфассал дода мешавад.
Даҳсолаҳои охири асри XX дар раванди иқтисодии давлатҳои рӯ ба инкишоф зуд-зуд тағйиротҳои куллӣ ба мушоҳида мерасанд.
Мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар натиҷаи пешрафти илму техника соҳаҳои нав ба нави истеҳсолотро ҷорӣ намуда, мамлакати худро аз ҷиҳати иқтисодӣ сол то сол ғанитар мегардонданд. Дар баробари беҳтар намудани шароити фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳолии худ, ба баланд бардоштани дараҷаи зиндагии миллати худ низ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд. Дар натиҷа тавофути дараҷаи иқтисодии ин мамлакатҳо нисбат ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, ки аксарияти давлатҳои ҷаҳонро ташкил менамуданд, рӯз то рӯз зиёд мешуд.
Нобаробар ҷойгир шудани қувваҳои истеҳсолӣ боиси зиёд шудани сафи бекорон ва душвор шудани вазъи иқтисодии аксарияти мамлакатҳои рӯ ба инкишоф гардида буд. Бо вуҷуди дараҷаи баланди илмию техникӣ дар қисми зиёди қитъаи дунё гуруснагӣ ҳукмфармо шуд. Ҳар сол гуруснагӣ зиёда аз 20 млн. аҳолии мамлакатҳои рӯ ба инкишофро аз байн мебурд. Давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон солҳои охир барои аз байн бурдани чунин бадбахтӣ кӯшишҳои зиёде менамуданд. Солҳои охир бо вуҷуди бунёди созмонҳои қудратноки кӯмакрасон пеши роҳи аз гуруснагӣ талаф ёфтани одамон гирифта нашуда истодааст. Барои пешгирӣ намудани вазъи бамиёномада аз соли 1980 сар карда бисёр давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон сиёсати худро куллан дигар доданд. Онҳо аввалан бо мақсади дастгирии иқтисодии баъзе давлатҳои рӯ ба инкишоф ва сониян, бо мақсади истифодаи қувваи кории арзон, гирифтани даромади зиёдатӣ, таҷҳизоти ҳозиразамон қувваҳои истеҳсолии худро дар ҳудуди давлатҳои рӯ ба инкишоф, ба монандӣ Малайзия, Гонконг, Тайван, давлатҳои Африкаи Ҷанубӣ ҷойгир менамуданд. Дере нагузашта, дар натиҷаи пурсамар истифода бурдани сармояи хориҷӣ аз ҳисоби давлатҳои рӯ ба инкишофи дунё яку якбора якчанд давлатҳои нави саноатӣ ба вуҷуд омаданд, ки бо маҳсулоти арзону ба меъёри ҷаҳонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё