Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Арманистон, Молдавия, Озарбойҷон, Гурҷистон ва порашавии Югославия ба Сербия, Черногория, Хорватия, Македония, Босния ва Герсоговина, Чехословакия ба Чехия ва Словакия дар ҷаҳон гурӯҳи давлатҳои нави дорои иқтисодиёти гузаранда пайдо шуд.
Пас аз мустаҳкам намудани заминаҳои соҳибистиқлолӣ тамоми ин давлатҳо ба мушкилоти ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ гашта, барои таъмини тараққиёти кишвар ба ҳамгироии нави иқтисодӣ шурӯъ намуданд.
Давлатҳои соҳибистиқлолгаштаи Европаи Гарбӣ кӯшиши ба Иттиҳоди Иқтисодии Европа ва НАТО ҳамроҳ шуданро пеша гирифтанд.
Кишварҳои соҳибистиқлолгаштаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ - Россия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Арманистон, Молдавия, Озарбойҷон, Гурҷистон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ташкил доданд.
Соли 1994 бошад, як қисми давлатҳои Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказиро бунёд намуданд.
Аз соли 1995 сар карда, баъд аз бунёди Иттиҳоди гумрукии Федератсияи Россия ва Белоруссия ба ин созмон соли 1996 - Қазоқистон, соли 1997 Қирғизистон ва соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд.
24 апрели соли 1999 як гурӯҳ давлатҳои аъзои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ - Гурҷистон, Украина, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Молдавия, ки даҳсолаҳои охир дар ҳоли бисёр масъалаҳои ИДМ ба ҳайси назоратчӣ иштирок менамуданд, дар вохӯрии дар Вашингтон баргузоргашта иттиҳоди ғайрирасмии худро бо номи ГУУАМ бунёд намуданд.
Барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории иқтисодии ин давлатҳо моҳи январи соли 2001 Иттиҳоди гумрукӣ ба Иттиҳоди Евразия табдил дода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё