Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Россия ҳар сол зиёда аз 120 млрд. метри мукааб гази табииро ба 25 давлати хориҷии дуру наздик содир менамояд.

Бо мақсади пурра бо газ таъмин кардани талаботи давлатҳои Аврупои Шарқӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2005 ҳаҷми воридоти газро аз Федератсияи Россия то 50% ва то соли 2020 то 75% зиёд кунанд.

Ҷадвали №35
Сохтори маводи ҳомили энергия дар истеъмоли энергия
(фоиз)

Навъи сӯзишворӣ ва энергияс.1910с.1935с.1971с.1991с.2000с.2010 пешбинӣ
Нафт31547,939,239,836,2
Ангиштсанг635530,730,026,229,0
Гази табиӣ0,12,018,222,022,925,1
Сӯзишвории ядроӣ--0,85,27,36,4
Энергияи об0,36,02,03,23,53,0
Чӯб15,06,00,20,2--
Боқимондаҳои органикӣ16,015,00,10,20,1-
Намудҳои дигар2,61,00,10,10,20,3
Ҳамагӣ100100100100100100

Рақамҳои ҷадвали №35 нишон медиҳанд, ки дар солҳои охири асри XX аз навъҳои сӯзишворию энергия дар ҳаҷми бештар гази табиӣ ва сӯзишвории ядроӣ истифода бурда мешаванд.

Федератсияи Россия сохтмони хати нави интиқоли гази табииро ба нақша гирифтааст. Мутобиқи ин нақша хати нав аз кони гази Изобилнои кишвари Ставропол сар шуда, ба восираи қисми россиягии Баҳри Сиёҳ (Ҷубча) – Баҳри Сиёҳ – Самсун (Туркия) дар масофаи 400 км аз зери баҳр гузашта, аз тариқи қаламрави Туркия то Булғория мерасад. Дар маҷмӯъ ин хат 1213 км дарозӣ дошта, қисми муайяни қубурҳои он дар чуқурии 2200 метр дар зери об хобонда мешаванд. Мувофиқи нақша солҳои 2001-2002 тавассути ин хат ба Туркия 8 млрд. метри мукааб ва соли 2003-ум 16 млрд. метри мукааб газ интиқол дода мешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ