Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

211,8 трлн. метри мукааб тахмин намудаанд, ки конҳои захираи 48 трлн. метри мукааби он пурра дақиқ карда шудаанд.

Бояд қайд кунем, ки конҳои гази табиии Федератсияи Россия бо ҳаҷми бузурги захираҳои худ аз дигар давлатҳои қитъаи дунё фарқ мекунанд. Далелу рақамҳои омории давлатии Федератсияи Россия нишон медиҳанд, ки истеҳсоли солонаи гази табиӣ сол аз сол меафзояд. Агар соли 1995 дар Федератсияи Россия ҳамагӣ 618 млрд. метри мукааб гази табиӣ истеҳсол карда шуда бошад, пас ҳаҷми он соли 1998 ба 644 млрд. метри мукааб ва соли 2000 ба 660 млрд. метри мукааб расонида шуд. Ҳаҷми гази табиии истеҳсолнамудаи Федератсияи Россия сеяки ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли гази табиии ҷаҳонро ташкил менамояд.

Қисми асосии гази табиӣ дар ноҳияҳои Сибири Ғарбӣ, пеш аз ҳама дар вилояти Тюмен ва округи миллии Ненетсҳои Ямал истеҳсол карда мешавад, ки зиёда аз 80% ҳаҷми умумии гази табиӣ дар Россия истеҳсолшударо ташкил медиҳад. Конҳои азими гази табиии "Уренгой" бо захираи 5 трлн. метри мукааб, Медвеже, Ямбур, Заполярное ва Оренбург дар тамоми ҷаҳон машҳуранд. Соли 1998 дар худуди Федератсияи Россия 394 кони нафту газ, конденсати нафт ва 382 кони газу конденсати газ муайян карда шуда буд, ки захираҳои ҳар яке аз 22 кон зиёда аз 500 млрд. метри мукааб мебошанд. Ин конҳо ба гурӯҳи конҳои нодир дохил мешаванд. Дар онҳо 74%-и захираҳои умумии Россия мавҷуданд. Дар ҳар яке аз 118 кони дигар захираҳо аз 30 то 500 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳанд.

Танҳо аз конҳои Сибир ҳар сол 500 млрд. метри мукааб гази табиӣ истеҳсол карда мешавад. 164 млрд. метри мукааби дигар аз конҳои Урал - 45 млрд. метри мукааб, Поволже - 6 млрд. метри мукааб, қисмати шумолии Европа ва Кавкази шимолӣ - 4 млрд. метри мукааб истеҳсол карда мешавад.

Аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли солонаи гази табиӣ (644 млрд. метри мукааб) Федератсияи Россия дар ҷаҳон ҷойи аввал, ШМА (544 млрд. метри мукааб) ҷойи дуюм ва Канада (160 млрд. метри мукааб) ҷойи сеюмро ишғол мекунад.

пешина
аз 785
навбатӣ